Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бо донишҷӯёни гурӯҳи олимпӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ баррасии дастовардҳои донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таҳкими омодагӣ барои озмунҳои минбаъда буд.
Зимни вохӯрӣ ба донишҷӯёни фаъол барои натиҷаҳои назаррас изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки рушди қобилияти илмӣ ва зеҳнии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи дониш, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

