Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” мусобиқаи варзишии “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” миёни омӯзгорону донишҷӯён оғоз гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон арзёбӣ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба тарбия, иштирокдоронро ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии футбол” табрик намуда, иброз дошт, ки имрӯз футбол ҳамчун воситаи муттаҳидсозандаи миллатҳо ва таҳкимбахши дӯстии халқҳо дар ҷаҳон мавқеи хос дорад.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қатъномаи махсус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, нуфузи варзиши тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафт. Гуфта шуд, ки ин иқдом бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, боиси ифтихори тамоми ҷавонони кишвар мебошад.
Маҳмадкарим Шарифов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи кормандони донишгоҳ изҳор дошт, ки ҳамасола бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш дар донишгоҳ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд.
Эмомалӣ Набизода, мудири шуъбаи тарбия, иттилоъ дод, ки “Ҷоми Раёсати донишгоҳ оид ба футбол” бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳадаф аз он таҳкими саломатии омӯзгорону донишҷӯён ва рушди футбол дар муҳити донишгоҳӣ мебошад.
Дар анҷоми қисми расмӣ мусобиқа оғоз гардида, дастаҳои факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ миёни ҳам рақобати ҷолиб нишон доданд. Интизор меравад, ки дар фарҷоми мусобиқа дастаҳои беҳтарин бо Ҷом ва маблағҳои пулии таъсисдодаи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гарданд.

