Имрӯз мувофиқи нақша-чорабинии Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмунҳои муассисавии «Ҳисобдон ва Китобхони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 1 ва «Хонандаи беҳтарини сол», байни хонандагонм синфҳои 5-11 ҷамъбаст гардида, аз тарафи маъмурияти литсей бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Мувофиқи шартҳои озмун бо қарори доварон хонандаи беҳтарини сол дар литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав Юсупова Сафиямоҳ интихоб гардид.
Ин иқдом аз ҷониби директори литсей Нориён Зарина ба роҳ монда шудааст, то хонандагон завқманд шуда барои азхудкунии дониш бештар кӯшиш намоянд.

