Имрӯз аз ҷониби Аҳмадҷон Ализода, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Раҳмоналӣ Соатмуъминов, омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии кормандони ин ниҳод семинар-омӯзиш дар мавзуи «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин: моҳият ва самтҳои афзалиятноки татбиқи он» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Раҳмоналӣ Соатмуъминов, омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ таъкид намуд, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2018 таҳти №1042 қабул гардидааст. Қайд карда шуд, ки мутобиқи талаботи консепсияи мазкур вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва ҳадафҳои ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд. Дар ин замина баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсиву динӣ аҳамияти муҳим дорад.
Аҳмадҷон Ализода, мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав зимни баромади худ иброз дошт, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро дар ин самт бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳадафи асосии консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният, суботи ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатиро барои таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб муҳим арзёбӣ карданд.

