Силсилаи омӯзиши онлайнии Virtual Professional Training (VPT) таҳти унвони «Муаррифӣ ва таҳияи фаъолиятҳои мақсаднок оид ба чор маҳорати забони англисӣ» (Introducing & Designing Focused Activities on 4 Skills (RWLS)) бо муваффақият анҷом ёфт. Дар доираи ин барнома 53 омӯзгор аз 11 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби сертификати хатм гардиданд.
Аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ду омӯзгори забони англисӣ ин барномаро бомуваффақият ба анҷом расонида, сертификатҳои худро дарёфт намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинии виртуалии LINGUAFEST: A WEEK OF LANGUAGE DISCOVERY – 2026, ки аз 11 то 16 май бо ташаббуси Институти забонҳои хориҷии Москва баргузор гардид, 4 омӯзгор ва 3 донишҷӯ-омӯзгори донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, корҳои илмӣ ва таҷрибаҳои омӯзгории худро муаррифӣ карданд.
Дар доираи ин чорабинӣ омӯзгорон барои иштироки фаъол ва саҳми арзандаашон бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
