Имрӯз 25 июни соли 2026 бо ташаббуси факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида ба 29 солагии Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар асоси барномаи мизи мудаввар дар қисмати асоси Субҳонзода С.И, доктори илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафа дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ омили асосии субот ва рушди Тоҷикистони соҳбиистиқлол», Ҷаборов Д.А, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи «Нақши тақдирсози Пешвои миллат дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон» ва Набизода Э.Қ, номзади илмҳои сиёсӣ, саромӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлолият» суханронӣ намудаанд.
