Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои арзишманди таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад. Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва дар ҷумҳуриамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистон Ваҳдати миллиро ҳамасола чун рамзи сулҳу дӯстӣ, муждаи шодӣ ва хираду саодати миллӣ дар кишварамон таҷлил менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси аҳаммият ва арзиши ваҳдати миллӣ чунин гуфтааст: «Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳуввияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад».
Дар ҳақиқат, имрӯз мо зери мафҳум ва моҳияти ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳамдилию ҳамбастагӣ зиндагӣ ба сар бурда истодаем.
Ваҳдати миллӣ имрӯз ормонҳои халқи бофарҳанги миллати тоҷикро дар масири таърих таҷассум менамояд. Миллати тоҷик баъди дидани ҷабру ҷафои ҷанги шаҳрвандӣ ба ваҳдати миллӣ расид. Ваҳдати миллӣ ба ҷангу низоъ хотима гузошт ва инак мардум ба сӯйи сулҳу суботи комил ва амну осоиш қадами устувор гузошта истодаанд. Ваҳдати миллӣ барои миллати мо офтоби дурахшонест, ки нуру гармияш ба ҳар хонадон шукуфоию тароват мебахшад.
Бояд қайд кард, ки ибораи ваҳдати миллӣ асосан баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба забони илмию адабӣ ворид гардид. Ваҳдати миллӣ имрӯз аҳаммияти сиёсию иҷтимоӣ дошта, маънои дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ ва иттиҳоду сарҷамъиро ифода менамояд.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» маънои калимаи «ваҳдат» чунин шарҳ ёфтааст: 1) ягонагӣ, танҳоӣ, яке будан; 2) эътиқод ба ягонагии Худо; 3) якхелагӣ, якрангӣ ва якнасақӣ.
Дар ин хусус олимону адибон калимаи «ваҳдат»-ро низ дар осори хеш ба маънои ягонагии Худо яъне (тавҳид) ва маънои дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ истифода кардаанд.
Дар ин бора устод Лоиқ Шералӣ дар як порчаи шеъраш вазъияти ҳассоси ҷанги шаҳрвандиро тасвир намуда, ба шахсони қоҳилу камшуур ҳасрат мехӯрад ва ба гурӯҳбозону маҳалгароёни замон таъкид карда гуфтааст:
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо,
Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо.
Эй камшумораҳо дар осмони ақл,
Андар замини ҷаҳл, эй бешумораҳо.
Аз ваҳдати Худо то ваҳдати худӣ,
Гуфтанд нуктаҳо, карданд ишораҳо.
Ба назари шоир мардум «пора – пора» шуда, дар дил «шарора»-и ватандӯстӣ ва ҳисси миллиро хомӯш сохтаанд. Ӯ аз кам гардидани одамони бофаҳму боҳуш таассуф мехӯрад. Шоир бо истифодаи санъати тазод вожаҳои «камшумораҳо» ва «бешумораҳо»-ро истифода намудааст, ки аз зиёд шудани мухолифони ҷангу низоъ майдонҳо пур шудаанд ва мардум ба ду сангар ҷудо гаштаанд.
Лоиқ Шералӣ дар байти охир ба панди гузаштагон рӯ оварда, таъкид менамояд, ки тамоми донишмандону бузургон аз тавҳиду ягонагии Худованд то ба ваҳдати «худӣ», яъне ба худшиносию худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии одамон расидан, пайваста панду ҳикматҳо гуфтаанд. Онҳо роҳи дурусти ҳаётро танҳо дар сулҳу салоҳ ва муруввату мадоро дидаанд.
Адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода дар бораи мавзуи меҳварии ашъори Лоиқ чунин гуфтааст: «Лоиқ фардест, ки маҳз ба шарофати офаридаҳои ӯ дар адабиёти муосири мо баёни мавзуъҳои миллӣ ба расмият даромада, тафаккури миллӣ шакл гирифт».
Лоиқ Шералӣ, дар ҷойи дигар ҳамчун шоири якдилу якмаром мардумро ба ваҳдат ва якпорчагию ягонагӣ даъват намудааст:
Миёни мову ту ваҳшат набошад,
Гуноҳе муҷиби нафрат набошад.
Илоҷи иллати носури миллат,
Ба ҷуз ваҳдат, ба ҷуз ваҳдат набошад.
Дар ҳақиқат, чунин намунаҳои ашъори ваҳдатгароӣ ва ватандӯстӣ дар солҳои ҳассоси таърихӣ барои бедории миллӣ ва ба сӯйи сулҳу ваҳдат даъват намудани шаҳрвандон нақши муҳим гузошт ва барои насли имрӯз низ дарси худшиносӣ ва сабақи таърихӣ меомӯзад.
Масоили сулҳу ваҳдат дар осори Сафармуҳаммад Аюбӣ низ ба назар мерасад. Ӯ дар маснавии «Арсаи вањдат» насли ҷавонро ба ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандорию ватандӯстӣ даъват менамояд:
Ин Ватан арсаи вањдату муроди мост,
Зарраи хоки ў гармии нињоди мост.
Дар бараш бо њама халќњо бародарем,
То абад бовафо зиндагї ба сар барем.
Шукри ин диёри бостон кунем,
Шукри хоку оби дони он кунем.
Аз нигоҳи шоир Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини ваҳдату ҳамдилӣ ва амалишавии ормону орзуҳои миллати тоҷик мебошад. Ҳар зарраи хоки ин Ватан барои ҷисми мо гармӣ мебахшад ва нишонаи муҳаббату садоқат аст. Ӯ ҳамчун мунодии дӯстию ваҳдати халқиятҳо қайд менамояд, ки мардуми тоҷик дар сояи ваҳдати ин Ватан бо тамоми миллатҳои ҷаҳон робитаҳои дӯстию бародарона доранд.
Дар ҳақиқат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон равобити иқтисодию иҷтимоӣ барқарор карда, табодули таҷриба ва ҳамкориҳои судманд дорад. Муаллиф дар сатрҳои охири шеър, моро ба шукрона кардани обу хоку дони ин сарзамин даъват карда, эҳтирому арҷгузорӣ ба ниёгонро муҳим медонад.
Намунаи порчаи шеърӣ нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ на танҳо як мавзуи наву нодир, балки сабақи худшиносиву худогоҳии миллӣ барои мо ва дигарон низ мебошад. Муаллиф бо истифода аз каломи дилнишину хушоянд пайванди ногусастании Ватан ва дӯстии халқҳоро ба таври зебову фаҳмо ба қалам додааст.
Камол Насрулло ҳамчун шоири ваҳдатсаро ба хотири арҷгузорӣ ба халқу Ватан, муқаддасоти миллӣ, эҳсоси ватандорию ватандӯстӣ баъзе шеърҳояшро ба мавзуи сулҳу ваҳдати миллӣ низ бахшидааст.
Ваҳдат, ки ин ягонагии Худованд аст, нишонаи онро дар ҳамаи махлуқот низ пайхас мекунем. Камол Насрулло низ шахси донишманду ватандӯст ҳастии ваҳдатро дар ҳаёти замину кайҳон медонад. Ба назари ӯ ваҳдату ягонагӣ дар хурдтарин унсури табиат то бузургтарин унсурҳои олам: Осмон, Кайҳон, Офтоб, Замин низ мавҷуд мебошад. Ҳамоҳангӣ, ҳаракат ва тартибу низоми коинот ҳамагӣ нишонаи ваҳдат аст. Ҳатто ваҳдат дар ҳамаи аъзои инсон сар, даст, пой ва ғайра вуҷуд дорад, яъне робита ва ваҳдати биологӣ низ дида мешавад. Шоир бо истифодаи санъати истиора ҷомеаро мисли узвҳои як бадани инсон мешуморад, ки агар як узв ҷудо шаваду аз байн равад тамоми ҷисм беқарору бемадор мегардад. Чунончи шоир мегӯяд:
Ваҳдат агар набошад, не қатраву на дарёст,
Не дар замин замин аст, не сур дар Сурайёст.
Ваҳдат агар набошад, сар нест, дасту по нест!
Дар торҳо наво нест, дар зиндагӣ бақо нест!
Ваҳдат агар набошад, не созу не фари туст!
Не хонаву дари туст, ҳатто на пайкари туст!.
Ваҳдат аз нигоҳи шоир дар навои мусиқӣ, ки торҳои ҳамоҳангу мавзун дорад, дида мешавад, дар ҳолати ғайри ин садо гӯшхарош ноҷӯр мебарояд. Ваҳдат ин шарафу шукӯҳи инсонист, ки дар оила ва хонадон низ ба чашм мерасад. Яъне ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ оиларо устувор ва хонаро обод месозад, аммо оила ва хонаи беваҳдат пароканда ва вайрон мегардад.
Яъне, ваҳдат нишонаи бузургу олии на танҳо ҷомеаи инсонист, балки он дар коиноту табиати замин низ мавҷуд буда, ақлу шуур ва ҳастии ҷомеаи бофарҳанги инсониро таҷассум менамояд. Шоир ба ин восита моро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва эҳтироми тартибу низоми ҷомеа ва мавҷудот даъват мекунад.
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб аз ҷумлаи шоирони ватансарост, ки оҳангу мазмуни шеъраш ба дӯстию рафоқат, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ватанхоҳӣ, сулҳу ваҳдат ва зарурати ҳифзи Ватан бахшида шудааст:
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.
Лаби хандон биёредо ба рӯзи шодмониҳо,
Ки аз лабханд гардун ҳам намояд гулфишониҳо.
Зи ҳамдигар биёмӯзем расми меҳрубониҳо,
Ки аз мо дигарон гиранд панди ҳамзабониҳо.
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат,
Ки орад ишқатон муъҷизаи афсонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.
Шоир ба инсони аламдидаи асри хеш таъкид мекунад, ки аз омадани ваҳдат ҷашну шодӣ барпо кунед. Дар байти аввали ғазал иди ваҳдатро як ҷашни миллӣ дониста, ба даст овардани онро рӯзи иду шодмонӣ мегӯяд. Ба қавли муаллиф, вақте миллат сарҷамъу иттифоқ ва шоду хандон аст, гардун низ гулфишониҳо менамояд. Ҳақназар Ғоиб бо ибораҳои «расми меҳрубониҳо» ва «панди ҳамзабониҳо» ишора ба тарбияи хуб, ахлоқи ҳамида ва расми хуби тоҷикон ишора кара, мардумро ба дӯстию меҳрубонӣ тарғиб мекунад.
Ҳамин тавр бояд гуфт, ки ғазали мазкур, пеш аз ҳама, аҳаммияти тарбиявӣ дошта, дар он мавзуи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва истиқлолу ваҳдати миллӣ тараннум гардидааст.
Низом Қосим низ ҳамчун адиби ваҳдатсаро дар нигоштаҳои худ бахусус, дар жанри шеъри озод ба арзиш ва моҳияти ваҳдат назар андохтааст. Мавсуф бунёду ҷавҳари асосии Ваҳдати миллиро дар гуфтору рафтор ва садоқату саодати мардум дида, аз ҷумла гуфтааст:
Ваҳдат ду ҳиҷо нест,
Ваҳдат ду дили соф аст –
Сӯи ҳам боз.
Ваҳдат як калима нест,
Ваҳдат ду дасти меҳр аст –
Сӯи ҳам дароз.
Ваҳдат шиор нест,
Ваҳдат садоқат аст –
Садоқати даст ба даст,
Садоқати дил ба дил,
Садоқати ёр ба ёр –
Саодати диёр!.
Дар ҳақиқат, шоир нишон медиҳад, ки ваҳдат ин танҳо як мафҳуми забонӣ, сиёсӣ ё шиор нест, балки он гавҳарест, ки аз покии қалбҳо, меҳрубонии инсонҳо ва садоқати одамон ба Ватан сарчашма мегирад. Ваҳдат ин қалби поку муносибати дӯстонаи одамон буда, ба ҳамдигар кӯмак кардану нишон додани хислатҳои ҷавонмардист.
Мо дар байтҳои шоир шарҳи вожаи «ваҳдат»-ро бо дӯстию ростӣ ва садоқати одамонро бо калимаҳои «ёр ба ёр» мебинем, ки ҷанбаи ҳунарӣ ва фалсафӣ доранд. Яъне, аз суруди шоир аён мегардад, ки рушду пешрафт, оромию осоиштагии кишвар аз муносибати хуби одамон бо ҳамдигар вобастагӣ дорад.
Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш дар нахустин Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо эҷоди шеъри «Оштӣ» мардумро ба ваҳдату дӯстӣ даъват намудааст. Ин шеър бо тасвири зебо ва хосси фарҳанги тоҷикона оғоз мешавад:
Тоҷикистон, дафзанон бикшод хони оштӣ,
Марҳамат, ёрон, ба гирди ошу нони оштӣ.
Дар ин байт мавзуи меҳварӣ пазироии умумӣ ва бахшиши якдигар аст. Тоҷикистон дар шеъри шоир ҳамчун модари меҳрубон тасвир ёфтааст, ки пас аз захмҳои ҷанг, дастархони сулҳ, яъне «хони оштӣ» кушодааст. Садои «даф» рамзи ҷашну шодӣ буда, ҷойи овози даҳшатноки тиру тӯпро мегирад. Адиб тамоми «ёрон» яъне ҳарду ҷониби даргирро даъват мекунад, ки дар гирди як дастархон нишинанд, ки ин иттиҳоду бародарӣ аст.
Бояд гуфт, ки дар вазъияти ҷанги шаҳрвандӣ ҳар тараф худро қаҳрамон мешуморид ва шоир таъкид менамояд, ки дар ҷанги бародаркуш ҳеҷ қаҳрамоние нест. Қаҳрамони асосӣ ва ҷавонмарди воқеӣ касест, ки бар нафси худ, яъне бар кинаву адовати худ ғолиб аст ва барои сулҳу субот даст мебардорад. Дар ҷойи дигар мафҳумҳои «биҳишт» ва «дӯзах»-ро ёдрас мешавад, ки кӯшиш барои сулҳ амали хайр аст, вале ҳар касе, ки мехоҳад ин сулҳи навбунёдро бишканад ва боз оташи ҷангро барафӯзад, ӯ дӯзахисту сазовори маҳкумият аст.
Шоир сулҳро ситоиш ва ҷангро маҳкум карда, мардумро ба сӯи ваҳдату бахшиш тарғиб намудааст. Ӯ ниёзҳои равонии ҷомеаро дар он рӯзҳои ҳассос дарк карда, пирӯзӣ ва ҷавонмардии шахсро на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар пирӯзии ақлу хирад ва майдони дӯстию оштӣ медонад:
Қаҳрамони ҷанг будан гарчӣ бошад ифтихор,
Мард он марде, ки гардад, қаҳрамони оштӣ.
Оштиандозиҳо бошанд гар аҳли биҳишт,
Дузахӣ аст он ки ҷанг орад миёни оштӣ.
Тоҷикистон, дафзанон бикшод хони оштӣ,
Марҳамат, ёрон, ба гирди ошу нони ошт.
Таҳлили мавзуи шеъри «Оштӣ»-и Хайрандеш нишон медиҳад, ки ин як намунаи хуби лирикаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ватандӯстӣ дар давраи Истиқлолият мебошад. Шоир ба воситаи ин шеър дарду ниёз ва орзуи бузурги халқро ба қалам кашидааст.
Шоир бо таълифи шеъри «Оштӣ» мардумро ба пешвози ваҳдати миллӣ даъват карда, дӯстию рафоқатро хислати ҷавонмардӣ медонад. Забони шеър содаву равон буда, андешаҳои амиқу пуртаъсир ва орзуву омоли мардуми давраи ҷанги шаҳрвандиро ифода менамояд.
Ато Мирхоҷаи Неру дар шеъри «Чашми Ваҳдат» ба мавзуи Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ намуда, аҳаммияти иттиҳоду сарҷамъиро на танҳо дар доираи як оила, балки дар сатҳи тамоми кишвар ва миллат низ тавсир намудааст.
Шоир дар ҳар як банди шеър ба яке аз минтақаҳои Тоҷикистон ишора карда, бародариву пайванди онҳоро бо ҳам тараннум мекунад.
Дар байтҳои аввали шеър шоир аз Суғду Хатлон ёд карда, мардумро бо меҳру бародарӣ даъват мекунад ва сипас номҳои ҷуғрофии Фалғару Раштон, Ванҷу Шуғнонро ном бурда ваҳдатро ба маънои васеъ яъне, кӯҳистони Рашту Фалғар ва Бадахшон алоқаманд медонад. Адиб дар ҷойи дигар сафарҳои Пешвои миллат ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ: Бадахшон, Ҳисор, Исфара ва ғайра, ки ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат ва кушодани «Чашми Ваҳдат» дар дили мардум мебошад, ишора намудааст:
Дӯстон, бо парчами Ваҳдат задан ҷавлон кам аст,
Дӯстонро дӯсттар кардан сари як хон кам аст,
Дар ҳақи ҳар дӯст бинвиштан дусад девон кам аст.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар хиттаи Суғдон кам аст.
Қуллаҳоро фатҳ кардан метавон бо мушкилӣ,
Лек бо сад мушкилӣ натвон ба даст орӣ диле,
Донад инро, ҳар кӣ дорад зери кӯҳе манзиле.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар ҳавзаи Хатлон кам аст.
Одамонро дӯст кардан расми Турсунзода аст,
Мазҳаби Айниву дини мардуми озода аст,
З-ин сабаб дар хонаи мо чангу ною бода аст.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар Фалғару Раштон кам аст.
Пешвои мо Бадахшон меравад бо чангу руд,
Аз дару боми Ҳисору Исфара борад суруд,
Дар дилу дар ҷони мо ӯ чашми Ваҳдатро кушуд.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар Ванҷу дар Шуғнон кам аст.
Дар ҷаҳон бошад силоҳи разми мо тору рубоб,
Аз бади олам сипар моро бувад танҳо китоб,
Оби мо дар чеҳраи халқи ҷаҳон шуд офтоб.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар даҳри пуртӯфон кам аст!.
Бешубҳа, ғазали «Чашми Ваҳдат» таронаи ҳақиқии дӯстию ҳамдилӣ ва замони осоиштаи мардумро дар фазои ваҳдати миллӣ инъикос менамояд. Мазмун ва муҳтавои шеър моро ба вазъияти мураккаби ҷаҳон шинос намуда, роҳи наҷоти миллату давлатро дар зиёд шудани дӯстии халқҳо ва мустаҳкам кардани пояҳои Ваҳдати миллӣ медонад.
Дар ҳақиқат, ҷавҳари ваҳдати миллӣ якмаромӣ, ҳамбастагию ҳамдилӣ, якҷояшавӣ, тифоқӣ ва сарҷамъии халқу миллат мебошад.
Имрӯз ваҳдати миллӣ дар баробари таъриху адабиёт, забону фарҳанг арзиши хеле бузург дорад ва рушду пешрафти кишвар ва зиндагии шостаи мардум ба он алоқаи зич дорад. Ин дастоварди таърихӣ миёни мардум андешаҳои миллӣ, сулҳу дӯстӣ, ҳамдилию сарҷамъиро таҳким бахшидааст.
Хулоса, мавзуи сулҳу ваҳдати миллӣ дар шеъри шоирони замони Истиқлолият хеле таҷассуми арзишманд дорад. Адибони маъруфу номдори адабиёти тоҷик ба монанди Лоиқ Шералӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Хайрандеш, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон ашъори худро ба мавзуи сулҳу Ваҳдати миллӣ бахшидаанд. Онҳо ба воситаи шеъру сухан мардумро ба роҳи ҳамдилӣ даъват карда, захмҳои ҷангро бо сухан даво бахшидаанд. Ин намунаҳои назмӣ дар тарбияи ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, худшиносии миллӣ, истиқлолхоҳӣ ва ваҳдатдӯстии ҷавонон таъсири амиқ мегузоранд.
Абдураҳмонзода Салоҳиддин Абдураҳмон, устоди кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
