Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодиртарини замони Истиқлолият ва омили наве дар фазои геосиёсии Тоҷикистон буда, таҳкимбахши орзуву ормон, рушди давлат ва наҷоти миллат маҳсуб меёбад. Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гардида бошад ҳам, аммо омили муҳимтарини чунин неъмати бузурги таърихӣ, аз расидан ба сулҳу субот сарчашма мегирад.
Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ѓояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар муддати кутоҳи таърихӣ ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “то фаро расидани давраи бўҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид”.
Албатта, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рўзгори мардуми фархундапай аз он ибтидо мегирад. Аз гузаштаи таърих бармеояд, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа мубаддал ёбад. Пас ба хулосае омадан лозим аст, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон мавқеи фарҳанги сулҳхоҳонаи ҷаҳониро сазовор гардидааст. Дар хусуси он, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон на танҳо арзиши дохили миллӣ, балки ҷаҳонӣ дошта, таваҷҷӯҳи фавқулодда ва костанашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ ба он гувоҳӣ медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон аз ҷониби СММ ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи нодири таърихӣ эътироф шуда, соли 2000 – ум ҳамчун Соли фарҳанги сулҳ эълон гардид. Принсипи фарҳанги сулҳ ба ақидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ягонагӣ ва ваҳдати оммаи васеи мардум, қувваҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ асос меёбад, ки хоҳони сулҳи пойдор ва эҳёи миллӣ мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки ваҳдат беҳтарин неъмат дар ҳаёти ҳар як миллату давлат аст. Маҳз Ваҳдати миллӣ рушду такомули ҷомеаи навини тоҷиконро имконпазир кард. Ваҳдат дар зиндагӣ нақши меҳварӣ ва арзишӣ дорад. Ваҳдат тамоми музаффариятҳои зиндагӣ ва дастовардҳои ҳаётро таҷассум мекунад. Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддасанд.
Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин неъмати саодатбахш бар ивази маҳрумиятҳо, бо баҳои ҷони ҳазорон нафар ва баъди ҳалли мушкилоти сахту нангини зиёд ба даст омадааст, ки ин воқеияти таърихист. Бахусус, чанд соли аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои пуртаҳлука ва олудаи ашку хун буданд.
Маънии ваҳдатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи баланд расиданаш номумкин аст.
Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст. Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.
Гузашти замон бо воқеаҳои сарнавиштсози он бо камоли сароҳат собит намуданд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат як падидаи барҷастаи ояндасоз буд. Ба таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ба пешрафти азиме, ки халқи тоҷик ноил гардидааст, аз ҳар самте, ки назар афканем, он бо кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Мардуми шарифи кишварамон ҳамасола 27-уми июн рӯзи Ваҳдати миллиро бо меҳру ихлоси зиёд ва хеле бошукуҳ таҷлил мекунанд. Зеро 29 сол пеш дар ин рӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки он саҳифаи наверо дар таърихи миллати мо боз намуд. Аз соли 1992, вақте ки дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олӣ фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон по ба арсаи роҳбарии давлат ниҳоданд, барои аз вартаи нооромӣ берун баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии кишвар, ба ҳам овардани гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд.
Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, ҳамчунин зуҳури хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Баъд аз вохӯрии соли 1995 дар шаҳри Кобули ҶИА вазири дифои Афғонистон, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, дар шахсияти Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт».
Маҳз ба шарофатии ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд.
Бинобар ин номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори Сулҳу Ваҳдат ва Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи мо пазируфта шуд, ки чеҳраи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти неруманди майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор менамояд. Сулҳу Ваҳдати деринтизор маҳз тавассути талошҳои ин марди майдони сиёсат дар сарзамини азияткашида ва қариб пора-пора гаштаи тоҷик ҳукмрон шуд.
Аз тарафи дигар, воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои ба мо дӯст, ҳамсоядавлатҳо аз сулҳу сафо, ваҳдати халқи мо сухан мекард ва онро пайгирӣ менамуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бетараф набуд. Сулҳ ва Ваҳдат чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти халқ аст.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ таъсири худро расонидаанд. Аз ҷумла, нақши Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шуро бо ҳам омадаанд, дар роҳи муттаҳид намудани нерӯҳҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот нақши муҳим дошт.
Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёр босамар оварда истодааст. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нав ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ҳастии миллат аз Ваҳдат аст, ки дирӯзу имрӯзи худро аз даст надодем ва домани фардоро сахт гирифтем.
Ваҳдат аст, ки мо якдилу якҷонем, ваҳдат аст, ки субҳу шоми мо пурҷилост. Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва иҷрои пайвастаи он муҳимтарин унсури бунёди давлат- ягонагии миллӣ таъмин гардида, сатҳи худшиносии миллӣ ва шуури иҷтимоии ҳама табақаҳои ҷомеа боло рафт. Қабул шудани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз оғози марҳилаи сифатан нави рушди ҷумҳурӣ дар бобати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дарак дод. Аҳдномаи мазкур, аз нигоҳи ҳуқуқӣ падидаи навест, ки дар шароити кунунӣ муҳимтарин омили пешрафт – сулҳ ва суботро тақвият дода, дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият саҳм мегузорад.
Вохӯрию гуфтушунидҳои моҳи августи соли 1993 байни намояндагони ҳукумат ва мухолифин ба амал омада, барои музокироти минбаъда заминаи мувофиқ гузоштанд. Дар асоси созишномаи байни Раиси ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ) ҳангоми вохӯрии 23 декабри соли 1993 дар Москва ба имзо расида, низомномаи Комиссия Оштии миллӣ, протокол барои вазифа ва салоҳияти асосии Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) ва протоколи иловагӣ дар бораи вазифа ва салоҳияти асосии КОМ муайян карда шуд. Ҳамаи ин санадҳо қисми таркибии Созишномаи Оштии Миллӣ ба шумор мераванд. Вале фаъолияти бевоситаи Комиссия аз ҷаласаи нахустини Москва 7-11 июли соли 1997 оғоз ёфт, Раиси он Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муовин А. Достиев, интихоб гардиданд. Ин ҷаласа бо иштироку миёнаравии вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Е. Примаков баргузор гардид. Аз сентябри соли 1997, сохтори КОМ, ки аз раису муовин ва 4 зеркомиссия, ки ҳар яке 6 аъзогӣ дошт (1 раис ва 5 аъзо) дар меҳмонхонаи «Вахш» ба фаъолияти бевосита шурӯъ намуд.
КОМ дар ин давраи гузариш вазифаҳои ниҳоят рӯзмараро ба ҷо оварда, рӯз то рӯз ҳарчӣ бештар сулҳро наздик ва авзои ҷумҳуриро ба эътидол меовард.
Барои ин наздикшавӣ ба намояндагони ҳукумат ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсионӣ (ИНОТ) лозим омад, ки дар ҳашт давр муҳокимаронӣ намуда, даҳҳо маротиба вохӯрию маслиҳатҳо гузаронанд. Дар паси ҳамаи ин даврҳои заҳмату ташвиши гуногунназарӣ ва мубодилаи муфиди афкорро паси сар кардан лозим омад:
-даври аввал –5-19 апрели соли 1994 дар ш. Москва;
-даври дуюм – 18-26 июни соли 1994 дар ш. Теҳрон;
-даври сеюм – 20 октябр – 1 ноябри соли 1994 дар ш. Исломобод (бояд гуфт, ки баъди ин вохӯриҳо дар сатҳи боло дар ш. Москва 19-26 апрели соли 1995, ш. Кобул – 17-19 майи соли 1995 (вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ИНОТ Саид Абдулло Нурӣ баргузор гаштаанд);
-даври чорум – 21 май – 1 июни соли 1995 дар ш. Алмаато (сипас вохӯрӣ дар сатҳи олӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Абдулло Нурӣ 19 июли соли 1995 дар ш. Теҳрон, моҳи августи соли 1995 гуфтушунид дар ш. Душанбе, сипас дар ш. Кобул);
-даври панҷум – дар ш. Ашқобод, ки аз се вохӯрӣ иборат буд. (якум – 30 ноябр-22 декабри соли 1995, дуюм – 26 январ-19 феврали 1996, сеюм – 8-21 июни соли 1996). Сипас вохӯрии сохторҳои ҳарбии ҳукуматӣ ва қувваҳои оппозитсионии зонаи Қаротегин дар Ғарм 15-16 сентябри соли 1996. Гурӯҳи корӣ барои тайёр намудани вохӯрии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллои Нурӣ дар ш. Теҳрон 8-21 октябри соли 1996 фаъолият дошт. Вохӯрии сатҳи олӣ дар мавзеи Хусдеҳи Афғонистон 10-11 декабри соли 1996; вохӯрӣ дар сатҳи олӣ 19-23 декабри соли 1996 дар ш. Москва;
-даври шашум –5-19 январи соли 1997 дар ш.Теҳрон. Баъди ин вохӯрӣ дар сатҳи олӣ –21-22 феврал дар ш.Машҳад;
даври ҳафтум –26 феврал-8 марти соли 1997 дар ш.Москва. Баъди он вохӯрии машваратии вазирони корҳои хориҷии Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон 5 апрел дар ш. Душанбе доир гардид;
-даври ҳаштум – вохӯрии аввал дар ш.Теҳрон, 8-17 апрели соли 1997, вохӯрии дуюм дар ш.Теҳрон, 2-8 майи соли 1997. Сипас вохӯрии сатҳи баланд дар ш.Бишкек;
Билохира вохӯрӣ дар сатҳи олӣ, ки онро даври нӯҳум низ мегӯянд дар шаҳри Москва 23-27 июни соли 1997 баргузор гардид, ки ин вохӯрии ниҳоӣ ва ҳалкунанда ҳисоб меёбад.
Дар ин гуфтушуниди ҷамъбастӣ чунин ҳуҷҷатҳои тақдирсоз ба имзо расиданд:
1. Протокол оид ба ҳамдигарфаҳмии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Нерӯҳои оппозитсионӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ;
2. Созишномаи умумӣ оид ба барқарор намудани сулҳ ва оштии миллӣ;
3. Изҳороти москвагии 27 июни соли 1997.
Ҳамин тариқ, акнун он мушкилоте, ки паси сар шуд, ҳанӯз ваҳдати комил не, балки расидан ба ифоқа буд. Барои ба ҳамин зинаи аввали ваҳдат расидан, аз аввалин қурбоние, ки аз оғози ҷанги ҳамватанӣ дарак медод – 5 майи соли 1992 (кушта шудани рӯзноманигори варзида, вакили мардумии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродуллои Шерализод) то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ – 27 июни соли 1997, яъне 1180 рӯз талоши беист бурдан лозим омад.
Дар ин муддат чи тавре зикри он рафт, ҳайати музокироти ҳарду ҷониб 8 даври музокиротро паси сар карданд, ки баъзе ин даврҳо се марҳалаи алоҳидаро дар бар мегирифт. Ҳафт маротиба роҳбарони аввалдараҷаи ҳарду ҷониб дар сатҳи олӣ вохӯрию мулоқот доштанд.
Махсусан мулоқоти соли 1996 дар Хустдеҳи Афғонистон хеле муҳим буд. Дар он тарафҳо барои қатъи ҷанг ба мувофиқа расиданд. Дар масъалаи таъсиси Комиссияи Оштии Миллӣ низ созиш ба даст омад.
Вале ин ҳанӯз оштии миллӣ буд ва барои ба ваҳдати комил расидан, барқарор намудани оромии ҷомеа, пурра ба эътидол омадани вазъи ҷумҳурӣ фаъолияти тӯлонии Комиссияи Оштии Миллӣ лозим шуд. Ин комиссияи босалоҳият дар 2 солу 8 моҳу 25 рӯзи фаъолияти худ тавонист. таҳкурсии мӯтамади Ваҳдати миллиро гузорад.
Гузаштан ба давраи осоишта имкон дод, ки тамоми кӯшишу ғайрати Сарвари давлат барои барқарор намудани зарари ҷанги шаҳрвандӣ, ба низоми муайян даровардани сохтори идоракунии маъмурӣ, ҷоннок намудани хоҷагии халқ ва ғайра равона гардид.
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон лозим омад то дар қатори садҳо масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини қишри камбизоати мардум, ба ҷойҳои зист баргардондани муҳоҷирон, тайёр намудани ҷойҳои корӣ, истифодаи оқилонаи инвеститсияҳои хориҷӣ, таъмини истиқлолияти энегетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ ва боз садҳо кору ташвиши дигарро, ки танҳо номоварди онҳо даҳҳо саҳифаро пур хоҳад кард, дар назар дошта, роҳи ҳалли онҳоро ёбад. Таъмини ваҳдати комил низ бевосита ба ҳалли ин масоил вобаста буд. Хушбахтона дар ҳамаи ин самтҳо бо сабабҳои воқеӣ рушди дилхоҳи сураътафзо таъмин нашуда бошад ҳам, дар даҳсоли баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба дастовардҳои муҳим соҳиб шуда тавонистем. Фазои сулҳу оромӣ имкон дод, ки масоили зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ба тадриҷ ҳалли худро ёфтаву барои рушди суръатноки онҳо дар даҳсоли дуюми асри навин заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар ҳақиқат ҳам Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватану давлат аст, зеро дар кишваре ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз рушд намуда пешрафта мегардад.
Хулоса, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст ва фазои геосиёсии Тоҷикистон мустаҳкам аст. Ваҳдат оғози созандагиву ободкорӣ, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Бисту нуҳ соли имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ собит намуд, ки роҳи интихобнамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона роҳи дуруст буда, онро сокинони мамлакат дастгирӣ ва барои татбиқи амалии он кӯшишу ғайрат менамоянд.
Халилзода Давлаталӣ,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав
