Бо мақсади ғанӣ гардонидани адабиёти таълимии соҳаи сиёсатшиносӣ ва таъмини раванди таълим дар чопхонаи «Дониш»- шаҳри Душанбе дастури таълимӣ – методии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ва номзади илмҳои сиёсӣ, саромӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатбек Қурбонов бо номи «Муқаддимаи сарварии сиёсӣ» ба табъ расид.
Муаллифон моҳият, хусусият, принсипҳо ва нақши сарварии сиёсиро дар рушди ҷомеа ва идоракунии давлатӣ шарҳ дода, зарурати омӯзиши ин самти илмиро ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими илмҳои сиёсӣ асоснок намудаанд.
Ба таъкиди муаллифон, ҳарчанд фанни «Сарварии сиёсӣ» солҳои охир дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таълим дода мешавад, то имрӯз дастури махсуси таълимию методӣ барои он мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, интизор меравад, ки нашри ин дастур дар беҳтар гардидани сифати таълим, такмили барномаҳои таълимӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибдониш дар соҳаи сиёсатшиносӣ саҳми арзанда гузорад.
Дастури таълимию методии «Муқаддимаи сарварии сиёсӣ» барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура, инчунин омӯзгорон, муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ пешбинӣ гардида, метавонад ҳамчун манбаи муътамади таълимӣ ва илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавриди истифода қарор гирад.
Нашри чунин асарҳои илмӣ бозгӯи таваҷҷуҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба рушди илми ватанӣ, таҳкими пойгоҳи таълимию методӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва сиёсатшиносӣ мебошад.
