Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA-082-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав докторанти PhD-и кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ Қосимзода Лутфия Шералӣ рисолаи илмии худро дар мавзуи «Барқароршавӣ ва рушди хоҷагии роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924–1990)» таҳти роҳбарии илмии профессор Халилзода Давлаталӣ бо муваффақият дифоъ намуд.
Дар рисола масъалаҳои марбут ба барқароршавӣ ва рушди хоҷагии роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппа дар солҳои 1924–1990 дар заминаи санадҳои бойгонӣ, адабиёти илмӣ ва дигар сарчашмаҳои муътамад мавриди омӯзишу таҳлили амиқи илмӣ қарор гирифтааст.
