28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи кишвар, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дараҷаи як сарфароз гардиданд.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

