Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии осоишта баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳи идона омӯзгорону донишҷӯён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан ширкат варзида, бо шиору парчамҳои давлатӣ фазои тантанавии роҳпаймоиро боз ҳам рангоранг намуданд.
Иштироки дастаҷамъонаи аҳли донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои муҳим бозгӯи эҳтироми онҳо ба арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҷавонону аҳли маориф дар таҳкими сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Роҳпаймоӣ баёнгари рӯҳияи баланди ватандӯстии шаҳрвандон буда, дар он сокинони шаҳри Бохтар, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва аҳли зиё ба муносибати ин ҷашни таърихӣ таҳти шиори «Истиқлол — неъмати бебаҳои миллат» ба ҳам омаданд.
Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки фаъолонаи худ саҳми худро дар таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанд.
ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

