Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи рисолаи номзадии Мирзораҳимзода Мирзоали Ҳусейнбой, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Методикаи истифодабарии масъалаҳои ғайристандартӣ дар баланд бардоштани дониши математикии донишҷӯёни курсҳои поёнии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ” , зери роҳбарии Сатторов Абдурасул, доктори илмҳои педагогӣ доир шуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3.10. Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ) (5.3.10.1. Назария ва технологияи таълими математика) пешбинӣ мешавад.
