16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ин кишварҳо иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ дар кори ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоид фароҳам месозад.
Гуфта шуд, ки ҳамоиши “Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ” метавонад барои ояндаи устувор тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ замина фароҳам орад.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро заминаи муҳими ҳамкорӣ ва ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳо номиданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Аз ҷумла, тайи солҳои охир барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардид.
Гуфта шуд, ки қонунгузории кишвари мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (WTO) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиши иқтисодию тиҷоратӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи “сабз”, саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, бонкдорӣ ва молияро муаррифӣ намуданд.
Изҳор гардид, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт.
Дар фарҷом, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз доштанд.

