22 сентябри соли 2026 дар доираи ҷамъомади пагоҳирӯзӣ дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати «Рӯзи Рӯдакӣ» барномаи маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ донишҷӯён дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адабии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маълумот пешниҳод намуда, аз осори гаронбаҳои ин шоири бузург шеърҳо қироат карданд.
Қайд гардид, ки осори Рӯдакӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии адабиёти классикии тоҷик дар ташаккули худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва тарбияи маънавии ҷавонон нақши муҳим дорад.

