Субҳи имрӯз дар бинои асосӣ ва минтақаи Дӯстии халқҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳайати омӯзгорону донишҷӯён дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок карданд.
Минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад. Он бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст.

