Имрӯз дар Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Мавлоно ва саҳми ӯ дар рушди адабу фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии Фирдавс Нориён, сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи оғоз ёфт. Дар суханронии ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми адабиёти классикии форсу тоҷик дар рушди афкори ирфонӣ, адабӣ ва фарҳангии халқҳои ҷаҳон нақши арзишманд дорад.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, ҷаҳонбинӣ, осори адабӣ ва андешаҳои ирфонии Мавлоноро мавриди таҳлил қарор доданд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Солеҳ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Шарҳи худӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ» маърӯза намуда, масъалаи худшиносӣ ва маърифати инсонро дар осори Мавлоно баррасӣ кард.
Профессори Донишгоҳи Анқараи Ҷумҳурии Туркия Исмоил Суйламаз дар мавзӯи «Ду садои таҷрибаи суфиёна: найи Мавлоно ва дулобӣ (чарх)-и Кайгусуз Абдол» суханронӣ намуда, ҷанбаҳои муқоисавии таҷрибаи суфиёна ва инъикоси онро дар осори ду намояндаи маъруфи адабиёти ирфонӣ таҳлил намуд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Китобхонаи ба номи Индира Гандии АМИТ Суфизода Шодимуҳаммад дар мавзӯи «Мавлоно ва забони безабонӣ (дар бораи моҳият ва поэтикаи шеъри ирфонӣ)» маърӯза карда, хусусиятҳои маънавӣ ва бадеии шеъри ирфониро мавриди баррасӣ қарор дод.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой дар мавзӯи «Нигоҳе ба хутути аслии ҳаёти Баҳоувалад» андешаронӣ намуда, ба масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва мероси падари Мавлоно таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Профессори Донишгоҳи Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон Мансур Азизӣ дар мавзӯи «Ҳамосаҳои ошиқии Мавлоно ва Шамс» суханронӣ намуда, муносибати маънавию адабии Мавлоно ва Шамси Табрезиро мавриди таҳлил қарор дод.
Номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Анзурати Маликзод дар мавзӯи «Мавлоно – суханвари зиндадил ва зебоигаро» маърӯза намуда, ҷойгоҳи зебоипарастӣ, ишқ ва рӯҳи зиндадилиро дар эҷодиёти шоир баррасӣ кард.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои гуногуни марбут ба мероси адабӣ, андешаҳои фалсафию ирфонӣ, забон ва поэтикаи осори Мавлоно, инчунин таъсири эҷодиёти ӯ ба адаб ва фарҳанги халқҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Конференсияи мазкур барои таҳкими робитаҳои илмӣ миёни муҳаққиқони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, табодули андешаҳои илмӣ ва муаррифии арзишҳои умумибашарии мероси Мавлоно заминаи муносиб фароҳам овард.
Дар маҷмӯъ, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои омӯзиши амиқи осори Ҷалолуддини Балхӣ, шинохти арзишҳои маънавию ахлоқии мероси ӯ ва муаррифии ҷойгоҳи адабиёти классикии форсу тоҷик дар фарҳанги ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим дорад.

