Имрӯз дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушод баргузор гардид.
Машғулият бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 304 ва 305-и ихтисоси «Тарбияи ҷисмонӣ» аз фанни «Назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ» баргузор шуда, шакли машғулият маърӯзавӣ буд.
Дарси кушодро декани факултети педагогика ва варзиш, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Хуҷазода Умед Шароф дар мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва инкишофи фанни назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ» гузаронид.
Зимни машғулият омӯзгор оид ба таърихи ташаккул ва рушди тарбияи ҷисмонӣ, марҳилаҳои асосии инкишофи он ва нақши тарбияи ҷисмонӣ дар ташаккули шахсияти инсон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, аҳамияти омӯзиши назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи варзиш ва таълиму тарбияи насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти дарс донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб доданд ва донишу малакаҳои назариявии худро такмил бахшиданд.
Дарси кушод бо сатҳи хуби омодагӣ ва иштироки фаъоли донишҷӯён баргузор гардида, барои баланд бардоштани дониши касбӣ ва дарки аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ дар раванди таълиму тарбия мусоидат намуд.
ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗУИ «ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ФАННИ НАЗАРИЯ ВА МЕТОДИКАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ»

