Имрӯз дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар толори №10, соати 14:00 дарси кушод баргузор гардид.
Дарси кушодро дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Ҳакимов Саъдулло Тағаймуродович барои донишҷӯёни гурӯҳҳои 301–302-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз фанни «Таърихи адабиёти хориҷӣ» дар шакли машғулияти маърузавӣ баргузор намуд.
Мавзӯи дарс «Адабиёти ибтидоии Рим ва намояндагони он» буда, омӯзгор зимни маъруза ба давраҳои ташаккул ва рушди адабиёти Рими қадим, хусусиятҳои муҳимми адабиёти ибтидоии рим ва нақши он дар таърихи адабиёти ҷаҳон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар рафти дарс донишҷӯён бо намояндагони маъруфи адабиёти Рими қадим, осори онҳо ва таъсири фарҳангу адабиёти Рим ба рушди минбаъдаи адабиёти ҷаҳонӣ шинос гардиданд. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии донишҷӯён дар ҷараёни машғулият саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор баргузор шуд.
Дарси кушод дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ гузаронида шуда, барои таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди ҷаҳонбинии адабии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.

