Дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-082-и назди ДДБ ба номи Носири Хусрав омӯзгори кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқ Файззода Рамазон Хурсанд рисолаи номзадии худро зери роҳбарии д.и.т., профессор Халилзода Давлаталӣ Халил дар мавзуи “КУМИТАИ БЕҲДОШТИ МЕҲНАТ ВА МАИШАТИ ЗАНОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲАВВУЛОТИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕЪАИ ТОҶИКИСТОН (СОЛҲОИ 1928-1934)” аз рӯи ихтисоси 07.00.02- таърихи ватанӣ бо муваффақият дифоъ намуд.
