Дар факултети филологияи тоҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи корӣ маҳфили «Маданияти сухан» баргузор гардид.
Маҳфили мазкур ба мавзуи «Сиёсати Пешвои миллат дар эҳёи забони тоҷикӣ» бахшида шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати забондонии донишҷӯён, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
Зимни баргузории маҳфил иштирокчиён доир ба нақши сиёсати давлатии забон дар ҳифзу рушди забони тоҷикӣ, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа ва таҳкими ҷойгоҳи забони давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки забон яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ва омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи асолати забон, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар гуфтору навиштор аз ҳар як соҳибзабон масъулияти баландро тақозо мекунад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни маҳфил ба масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги сухан, такмили маҳорати суханварӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши амиқи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми маҳфил аъзои нави маҳфили «Маданияти сухан» интихоб гардиданд. Ин иқдом барои густариши фаъолияти маҳфил, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забони давлатӣ ва рушди қобилияти суханвариву маърӯзакунии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

