Имрӯз дар толори Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст – волонтёр мешавем» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Шарифзода Идибек, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Умедҷон Халилов, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

