Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-152-и назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Аҳмадзода Салоҳиддин Аҳмад, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуд.
Рисолаи илмии мавсуф дар мавзуи «Ташаккули ҳофизаи таърихии хонандагон тавассути технологияи рушди тафаккури таҳлилӣ» таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбонов Файзалӣ Асадуллоевич омода гардида, аз рӯйи ихтисоси 5.3.5.1 – Назария ва методикаи таълими таърих пешниҳод шудааст.
