Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат заминаи асосии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро фароҳам оварда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳим ва тақдирсоз ба ҳисоб рафта, барои ташаккули низоми ҳуқуқӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид гузошт.Конститутсия на танҳо санади муайянкунандаи сохтори давлат ва низоми идоракунӣ, балки ҳуҷҷати муҳими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар байни ҳуқуқҳои асосии конститутсионӣ ҳуқуқ ба таҳсил мавқеи махсус дошта, он яке аз омилҳои муҳимтарини рушди шахсият, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум ба шумор меравад.
Мувофиқи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат дода, таълими умумии миёнаи ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин, ҳар шахс метавонад дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ таҳсил намояд.
Ин меъёри конститутсионӣ далели равшани он аст, ки давлат ба рушди неруи зеҳнӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии шаҳрвандон аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳуқуқ ба таҳсил имконият фароҳам меорад, ки ҳар як фарди ҷомеа соҳиби дониш, касб ва малакаи зарурӣ гардида, дар пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми арзандаи худро гузорад.
Таҳсилот яке аз воситаҳои муҳимтарини таъмини баробарии имкониятҳо дар ҷомеа мебошад. Он ба инсон имкон медиҳад, ки қобилияту истеъдоди худро инкишоф дода, мавқеи мустақилонаи худро дар ҷомеа пайдо намояд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқ ба таҳсил на танҳо уҳдадории давлат, балки омили муҳими ташаккули ҷомеаи босавод, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника нақши маориф дар таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва рақобатпазирии давлат боз ҳам бештар мегардад. Маҳз тавассути низоми мукаммали таълиму тарбия мутахассисони соҳибкасб, шахсиятҳои ватандӯст, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба камол мерасанд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Ин раванд, пеш аз ҳама, ба амалисозии меъёрҳои Конститутсия ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир равона шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳуқуқ ба таҳсил танҳо гирифтани донишҳои назариявиро дар бар намегирад, балки имконияти иштирок дар ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро низ фароҳам меорад. Донишҷӯён ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, бо омӯзиши илмҳои муосир, азхудкунии технологияҳои рақамӣ, забонҳои хориҷӣ ва такмили малакаҳои касбӣ дар рушди минбаъдаи мамлакат саҳм гузоранд.
Дар баробари ин, татбиқи ҳуқуқ ба таҳсил масъулияти муайянеро низ ба зиммаи ҳар як шаҳрванд мегузорад. Эҳтиром ба омӯзгор, риояи интизоми таълимӣ, азхуд намудани дониш, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои таълимӣ аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳими хонандагону донишҷӯён мебошанд.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат дода, барои рушди ҳамаҷонибаи инсон ва ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст. Ҳифзу эҳтироми ин ҳуқуқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия вазифаи муштараки давлат, ҷомеа, оила ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Зеро ҷомеае, ки ба илму дониш арҷ мегузорад, ба ояндаи худ сармоягузорӣ мекунад. Маҳз насли босавод, соҳибмаърифат ва дорои тафаккури созанда метавонад арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои давлатдориро ҳифз намуда, барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузорад.
Муслиҳиддин Исҳоқзода, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДДБ
