Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ин пеш аз ҳама ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян карда, кафолати зиндагии шоиста ва роҳнамои ҳаёти халқи тоҷик мебошад. Ғайр аз ин Конститутсия ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб рафта, он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд. Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрванд, ҳамчун ҳуқуқу озодиҳои фардии қисми таркибии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ҳисобида шуда, ҳуқуқи инкоршавандаи онҳо мебошад. Инчунин хусусияти хоси давлатӣ демократи муқаррар кардани низоми ҳуқуқу озодиҳои сиёсие, ки иштироки шаҳрвандро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат таъин менамояд, мебошад.Аз матни Конститутсия аён мегардад, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрии ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, шакли ҷумҳурии идораи давлат ва моҳияти демократии он дар соҳибихтиёрии халқ ифода меёбад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки барои амали гардонидани ин хусусиятҳо ба шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои сиёсие муқаррар ва кафолат дода мешавад, ки амалан иштироки фаъолонаи онҳоро дар тадбиқи соҳибихтиёрии халқ таъмин менамоянд. Фаъолии сиёсии шаҳрванд ва пойдорию устувории давлат ба якдигар зич алоқаманданд. Бояд қайд кард, ки дар заминаи иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии мамлакат фаъолияти мақсадноки низоми сиёсии ҷомеа ба роҳ монда мешавад.
Дар асоси моддаи 27 Конститутсия ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ба воситаи вакилонаш иштирок намуда ва шаҳрванд метавонад дар асоси ин меъёр, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат иштирок намояд. Шарти муҳими соҳиб гардидан ба ин ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи онҳо синну сол, аҳволи саломати ва баъзе ҳолатҳои дигар мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд.
Оварда шуд, ки қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён дар Тоҷикистон аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ин санади олии ҳуқуқӣ муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб рафта, тӯли 32 соли амал муносибатҳои шаҳрванд ва давлатро дар шароити муосири давлатдори ба танзим медарорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шарофати қабули Конститутсия зиндагиву рӯзгори хешро ба қонунҳои милливу башарӣ мутобиқ намуда, ба ин васила дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари демократӣ-ҳуқубунёду дунявӣ шинос муаррифӣ гардидем.
Гуфтан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қомуси зиндагии арзанда, зербинои мустаҳками ҷомеа, шиносномаи давлат, бахтномаи миллат ва шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллист.
Орзую ормонҳои халқро, ки дар сарсухани ин санади тақдирсоз ба таври ҷовидонӣ сабт шудаанд, метавон бо ҳисси баланди ватандорӣ ба забон овард: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Боиси ифтихор аст, ки манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, яъне меъёрҳои конститутсионӣ ҳанӯз дар солҳои пеш аз милод, дар даврони ҳукмронии аввалин императои ҷаҳон Куруши Кабир аз ҷониби давлатдорони аҷдоди тоҷикон баён гардидааст.
Баъди гузашти ҳазорсолаҳо орузую омоли халқи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 амалӣ гардида, тоҷикон боз соҳиби давлати соҳибихтиёру демократӣ шуданд, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Ва яке аз воқеаҳои асосии ин давра қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки инъикосгари эҳтироми миллати сарбаланди тоҷик ба қонун ва майли танзими муносибатҳои гуногунҷанбаи ҷамъиятӣ тавассути механизмҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсия дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мустаҳкам гардидани пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ ва эҳёи ваҳдати миллӣ асос гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо таъкиди нақши бузургу таърихии Конститутсия эҳтиром ва риояи меъёру муқаррароти онро зарур шумурда, аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: «вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».
Тибқи Конститутсия ҷавҳари сиёсати берунаи моро татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ташкил медиҳад. Ин ҳуҷҷати ҳуқуқии тақдирсоз принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистонро эълон намудааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти печидаи низои мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва қабул шуд, аз ҷониби доираҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ мазмун ва муқаррароти он сазовори баҳои баланд гардид. Бояд гуфт, ки ба Конститутсия ҷиҳати мукаммал намудани низоми давлатдорӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, ишора бар он аст, ки давлати ҷавони Конститутсия дар ҳаёти ҷавонон ҷойгоҳи хос дошта, умеду орзу ва ормонҳои ҷавононро амалӣ намуда, ҳамчунин ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии давлат, рушди низоми қонунгузорӣ, волоияти қонун ва тантанаи адолати иҷтимоиро таъмин менамояд.
Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ба имзо расидани шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон давраи нави инкишофи конститутсионӣ оғоз гардид. Дар ин марҳила дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон вазифаҳои басо муҳим, аз ҷумла, дар соҳаи таъмини воқеии якпорчагии қаламрави давлат ва ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта, барқарор намудани фаъолияти мақомоти конститутсионӣ, оғози ислоҳоти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд меистоданд.
Бояд қайд намуд, ки Конститутсия шоҳсутун, шиносномаи миллат ва санади тақдирсози халқи тоҷик мебошад. Истиқлолият бузургтарин неъмат барои миллати мо маҳсуб шуда, бо шарофати он мамлакати мо ба ҷодаи нави озодӣ ва ободкорӣ қадам гузошт. Дар давраи мураккаби ҷангу низоъҳои шаҳрвандӣ роҳбарияти мамлакат барои ҳифзи адолати иҷтимоӣ ва таъмини истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ дод. Ватанро аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ бахшид. Барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас барои миллати тозабунёд Конститутсияи нав чун обу ҳаво лозим шуд.
6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки чун машъал роҳи ояндаи миллату давлатро нур бахшид. Бо қабули Конститутсия ба орзуи дерина расидем, зеро дар он қариб ҳамаи арзишҳои умумиинсонӣ таҷассум гардидаанд. Аз ҷумла, арзиши олӣ эътироф намудани худи инсон, аз ҷониби давлат кафолат додани ҳаёт ва ҳуқуқи инсон, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар кардааст.
Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро буда, дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад» [1, с. 42].
Ташаккули давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон заминаи сиёсию ҳуқуқии худро дошта, марҳилаи моҳиятан ва сифатан нави инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабулшавии Конститутсияи соли 1994 вобастагӣ дорад. Бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи навини Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки он мувофиқи мақсаду мароми халқ қабул карда шуда, меъёрҳояш барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои халқи Тоҷикистон равона карда шудаанд ва маҳз ин ҳолат ифодакунандаи мақсаду моҳияти Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аст.
Моҳияти Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиат ва иродаи халқи Тоҷикистон буда, мувофиқи он меъёрҳое муқаррар карда шудаанд, ки таркиби сохтори ҷамъият, сохтори давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва доираи салоҳиятҳои онҳоро муайян менамояд.
Конститутсия на танҳо қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқӣ ва махсусияти худ аз дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фарқ мекунад, ки ин хусусиятҳо ҳамчун сарчашмаи ягонаи қонунгузории Тоҷикистон конститутсияро мустаҳкам намуда, мутобиқати дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро ба Конститутсия тақозо менамояд, ки ин хусусият тавассути моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, тағйирнопазирии онро дар шакли идораи ҷумҳуриявӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат медиҳад. Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, дар худ падидаҳои конститутсионӣ, ба мисли баробарҳуқуқии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии шахсият, соҳибихтиёрии халқ, кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва принсипҳои инсондӯстӣ, дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро таҷассум менамояд.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб гардидааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор ҳастанд, зеро он аз ҷониби олимон, коршиносон, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ҳайси яке аз намунаҳои конститутсияи демократии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ин баҳогузориро нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».
«Арзишҳои муқаддаси Қонуни олии мамлакат муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, ҳамчун ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равшангари роҳи пешрафти ҳаёти ҷомеа буда, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошад. «Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст, ҳама дину мазҳабҳо дар доираи муқаррарот ҳуқуқи баробари мавҷудият доранд».
Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, дар худ падидаҳои конститутсионӣ, ба мисли баробарҳуқуқии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии шахсият, соҳибихтиёрии халқ, кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва принсипҳои инсондӯстӣ мақомоти давлатиро таҷассум менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Асоси ҳуқуқии таҳким ва амалисозии ғояи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд, ки меъёрҳои он батадриҷ бо мурури замон мукаммал гашта истодаанд.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 32 соли мавҷудияти худ барои устувории ҳокимияти давлатӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина гузошт ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Конститутсия дар ҳақиқат бахтномаи миллати тоҷик ба шумор меравад ва ин амр моро водор месозад, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром, риоя ва ҳифз намоем.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Мо имрӯз барои амалӣ сохтани ин ниятҳои неки худ тамоми шароиту заминаҳои заруриро фароҳам овардаем, яъне Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол – кафолату роҳнамои халқи тоҷик мебошад ва танҳо бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳаммаромӣ ва заҳмати созанда метавонем мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, бо ифтихор миллати худро, ки дар таърихи башар ҳамчун миллати сулҳпарвар, адолатхоҳу эҷодгар шинохта шудааст, ба ояндаи дурахшон ҳидоят созем.
Давлаталӣ Халилзода,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири кафедраи таърихи умумии
ДДБ ба номи Носири Хусрав
