Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр
Таърих сарнавишти миллатҳоро дар лаҳзаҳои ҳассос месанҷад. Маҳз дар рӯзҳои душвор хиради сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, иродаи миллӣ ва садоқат ба Ватан аҳаммияти воқеии худро нишон медиҳанд. Дар таърихи навини Тоҷикистон низ марҳилаҳое буданд, ки ояндаи давлат, тақдири мардум ва пойдории истиқлоли миллӣ ба қабули қарорҳои тақдирсоз вобаста гардид. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи чунин давраҳои мураккаб ба шумор мераванд.
Имрӯз, вақте ки мардуми кишвари азизамон Тоҷикистон 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунанд, ба ёд овардани он рӯзҳои сарнавиштсоз, таҳлили роҳи тайкардаи кишвар ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои давлатсозӣ аҳаммияти хос дорад. Ин сана моро водор месозад, ки ба арзишҳои истиқлол, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан бо нигоҳи амиқтар назар андозем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо ҳассоси таърихи кишвар ба арсаи роҳбарии давлатӣ омаданд. Аз он давра то имрӯз фаъолияти сиёсӣ ва давлатдории ӯ бо равандҳои муҳими таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, ҷустуҷӯи сулҳу ризоияти миллӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ пайванд дорад.
Истиқлоли давлатӣ, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, барои мардуми тоҷик саҳифаи нави таърихро боз намуд. Тоҷикистон имкони мустақилона муайян кардани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро пайдо кард. Аммо ин дастоварди бузург дар шароите ба даст омад, ки ҷомеа бо мушкилоти печидаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид.
Муноқишаҳои дохилӣ, нооромии сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва муҳоҷирати иҷбории қисми зиёди аҳолӣ ба ҳаёти мардум таъсири сангин расонданд. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи истиқлол, барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ ба вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа табдил ёфт.
Маҳз дар чунин вазъият, аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин иҷлосия дар таърихи давлатдории навини кишвар ҷойгоҳи махсус дорад. Дар он масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, барои рафъи буҳрони давлатӣ ва барқарор намудани фаъолияти сохторҳои ҳокимият тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдод оғози марҳилаи муҳими фаъолияти сиёсӣ ва давлатдории ӯ ба ҳисоб меравад.
Иҷлосияи XVI дар ташаккули пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, таҳкими сохторҳои давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишвар нақши муҳим бозид. Дар он як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ва қарорҳои барои вазъи онрӯза муҳим қабул гардиданд.
Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар солҳои аввали истиқлол дар назди роҳбарияти Тоҷикистон қарор дошт, расидан ба сулҳу оштии миллӣ буд. Ҷомеае, ки аз низоъҳои дохилӣ ранҷ мебарад, наметавонад бидуни барқарор намудани эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ба рушди устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, музокирот, ҷустуҷӯи роҳҳои мусолиматомез ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии оштии миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба созиш ва барқарор намудани сулҳу субот талош намуданд. Роҳи расидан ба сулҳ осон набуд, музокирот тӯлонӣ буданд, мавқеъҳои тарафҳо фарқ мекарданд ва раванди эътимодсозӣ заҳмати зиёд талаб менамуд. Бо вуҷуди ин, талошҳои сиёсӣ ва музокироти байни тоҷикон ба натиҷаи муҳим расиданд. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санад марҳилаи муҳими хотима бахшидан ба муқовимати мусаллаҳона ва гузариш ба ҳаёти осоиштаро ифода мекард. Имзои созишнома натиҷаи музокироти тӯлонӣ, миёнаравӣ ва иштироки ҷонибҳои гуногун буд. Аз ин рӯ, сулҳи тоҷиконро бояд ҳамчун дастоварди муштараки ҷомеа ва натиҷаи талошҳои пайгиронаи ҳамаи иштирокдорони раванди оштии миллӣ қадр кард.
Саҳми роҳбарияти давлат дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, ташаккули сохторҳои идоракунӣ ва барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ аз масъалаҳои муҳими таърихи истиқлоли кишвар ба шумор меравад.
Роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар даврони истиқлол саршор аз рӯйдодҳои муҳим, мушкилоти ҷиддӣ ва дастовардҳои назаррас мебошад. Аз солҳои пурошӯби аввали истиқлол то барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтор ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ кишвар марҳилаҳои муҳими давлатсозиро паси сар кард.
Дар ин раванд фаъолияти сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйдодҳои калидии таърихи навини Тоҷикистон, аз ҷумла Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва раванди сулҳу ваҳдати миллӣ пайванди таърихӣ дорад.
Имрӯз вазифаи муҳим на танҳо ёдоварӣ аз гузашта, балки идомаи корҳои созанда, таҳкими қонунмандӣ, баланд бардоштани сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои наслҳои оянда мебошад. Давлатдории миллӣ он вақт устувор мегардад, ки истиқлол бо маърифати баланд, иқтисоди самаранок, адолати иҷтимоӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамқадам бошад.
16 ноябр ба мо ёдрас мекунад, ки сулҳ неъмати бебаҳо, истиқлол арзиши муқаддас ва ваҳдати миллӣ шарти асосии пешрафт мебошад. Нигоҳ доштани ин арзишҳо вазифаи умумимиллӣ аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бо меҳнати ҳалол, донишомӯзӣ, рафтори шоиста ва саҳми созандаи худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ иштирок намояд.
Бигзор сулҳу субот дар сарзамини Тоҷикистон пойдор, ваҳдати миллӣ устувор ва истиқлоли давлатӣ абадӣ бошад. Бигзор наслҳои имрӯзу оянда Ватанро бо дониш, фарҳанг, заҳмати созанда ва садоқат ба арзишҳои миллӣ боз ҳам ободу пешрафта гардонанд. Зеро бузургии давлат на танҳо дар таърихи пурифтихори он, балки дар қобилияти мардумаш барои бунёди ояндаи дурахшон таҷассум меёбад.
Моҳистони Ҳигматулло, омӯзгори факултети биология
