Имрӯз дар кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Тарҷумон» баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултети филология Фарзона Мусаввирова, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Парвина Соқиева, директори Маркази илмӣ-тадқиқотии “Мавлоношиносӣ” Муҳаббат Маҳмадалиева, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ Дилбар Иззатулоева ва роҳбари маҳфили «Тарҷумон» Меҳрангез Шарипова иштирок намуданд.
Нахуст, маҳфил бо суруди миллӣ оғоз гардида, аъзоёни маҳфили «Тарҷумон» дар мавзуи “Парчами давлатӣ” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таърих ва пайдоиши парчами давлатӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, порчаҳои шеърӣ дар васфи Парчами миллӣ қироат гардида, бахши фарҳангии маҳфил бо пешниҳоди суруду рақс ва роликҳои омоданамудаи донишҷуён ҷолибу рангин гардид.
Сипас, масъулин зимни суханрониҳои худ оид ба таъриху мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ибрози андеша намуда, аҳаммияти эҳтиром ба муқаддасоти миллиро таъкид карданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар баробари рушди маҳорати забондонӣ ва тарҷума, барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми ҷавонон ба муқаддасоти давлатӣ нақши муҳим дорад.

