ХАТМКУНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ БО НАМОЯНДАИ ММТ Posted on 2025-02-222025-02-27 By saidov Дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии хатмкунандагони Литсейи донишгоҳ бо намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Нуров Манучеҳр, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ Гулов Қодир, директори литсейи Нориён Зарина ва хонандагон низ иштирок намуданд. Нахуст, намояндаи ММТ Нуров Манучеҳр, баромад намуда оид ба масъалаҳои имтиҳонҳои марказрнидаи дохилшавӣ, аҳамияти илму дониш ва огаҳӣ аз низоми ИМД, принсипҳои асосии ИМД, касб ва ихтисос, гурӯҳбандии ихтисосҳо, маҳдудиятҳо дар интихоби ихтисос, моҳияти бартарии интихоби ихтисос ва дигар масъалаҳои вобаста ба дохилшавии имтиҳонҳои ММТ ибрози андеша намуд. Гуфта шуд, ки ин равандро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоби васеъи довталабон роҳандозӣ намудааст. Дар охир хатмкунандагони Литсейи донишгоҳ вобаста ба интихоб намудани касб, гурӯҳбандии класстерҳо аз ҷониби намояндаи ММТ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола садҳо довталабон ба тариқи ММТ ва ИМД дохил шуда сазовори номи донишҷӯйи мегарданд. #ХАТМКУНАНДАГОН #ЛИТСЕЙИ Бойгонӣ