Тибқи нақша-чорабиниҳои Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар толори китобхонаи Донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот байни бонувон (омӯзгорону донишҷӯён) бахшида ба Рӯзи Модар-8 март баргузор гардид.
Чорабиниро, раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳ Шарипов Маҳмадкарим ифтитоҳ намуда, бонувонро бо Рӯзи Модар – рамзи муҳаббат, ҳаёт ва садоқат табрику муборакбодӣ намуд. Ишора гардид, ки имрӯз модарон, алалхусус модарони омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва рушди илму маориф саҳми бузург мегузоранд. Иттифоқи касаба ҳамеша барои ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии омӯзгор-занони Донишгоҳ талош хоҳад кард.
Сипас, чорабинӣ доир гардида, мутобиқ ба протоколи ҷамъбастии доварони мусобиқа ғолибон бо чунин шакл муайян гардид:
1. Ғолибон аз рӯи намуди шашка:
– ҷойи аввал – Резмонова Қурбоной – омӯзгори факултети химия ва биология;
– ҷойи дуюм – Маҳмадуллоева Хурсандбӣ омӯзгори факултети физика;
– ҷойи сеюм – Мусавирова Фарзона – омӯзгори факултети филологияи тоҷик;
2. Ғолибон аз рӯи намуди шоҳмот:
– ҷойи аввал – Турсунбоева Хотун – донишҷӯи курси якуми факултети факултети химия ва биология;
– ҷойи дуюм – Дилнозаи Орзумамад – донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик;
– ҷойи сеюм – Мамадбекова Гулафзо – донишҷӯи курси чоруми факултети забони англисӣ.
Дар анҷоми чорабинӣ, ғолибон бо Диплом, маблағҳои пулӣ (ғайринақдӣ) ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони шуданд.



