Имрӯз, 11-уми марти соли 2025 ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи фарҳангии шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки собиқадорони матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дар баробари журналистон, нависандагону мунаққидони вилояти Хатлон иширок намуданд.
Ҳамасола дар баробари дигар озмунҳои сатҳи вилоятӣ озмуни ҷоизаҳои вилоятии ба номи «Носири Хусрав», “Шамсиддин Шоҳин» ва “Соҳиб Табаров” миёни адибони вилоят натиҷагирӣ карда мешавад.
Ин навбат китоби устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Рустам Тағоймуродов бо номи “Назария ва нақди каломи бадеъ” соҳиби Ҷоизаи адабии “Соҳиб Табаров” гардид.
Ҳайати устодону профессорони донишгоҳ устодро барои сазовор гардидан ба ин ҷоиза самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ бурдбориҳои беназирро таманно доранд.


