ҶОИЗАИ_ БА НОМИ ВОҲИД АСРОРӢ МУБОРАК! Posted on 2025-03-11 By saidov Имрӯз 11-уми марти соли 2025 бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳое, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуда буд, баргузор гардид. Дилноза Орзумамад донишҷӯйи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барандаи Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ дар соли 2024 гардида, бо дипломи махсуси озмун қадрдонӣ шуданд. Мавсуф таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Шарифов Сангимурод ба озмуни мазкур омодаву роҳнамоӣ гардид. Қайд намудан зарур аст, ки ҳамасола озмуни эҷодии мазкур барои дарёфти ҷоизаи Воҳид Асрорӣ миёни донишҷӯёни ихтисосҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ташкилу баргузор карда мешавад. Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ Дилнозаи Орзумамад ва роҳбари ӯро барои ин комёбӣ самимона шодбош мегӯянд. #Донишгоҳ #Дилноза #Донишҷӯ #Шарипов_С Бойгонӣ