Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, шуруъ аз 3-юм то 20-уми марти соли ҷорӣ ҷиҳати такмили маҳорати касбӣ, табодули таҷрибаи пешқадами педагогию илмӣ, омӯзишу аз худ намудани усулҳои муосири таълимӣ устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Дар асоси нақшаи пешбини гардидаи раёсати донишгоҳ айни замон ба 40 нафар устодони донишгоҳ омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзализода Баҳрулло, д.и.п., профессор мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ, Салмон Мавлоназаров, н.и.п, сарходими илмӣ, профессори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академия дарс гуфта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки донишгоҳ пойгоҳи асосии илмиро доро буда, барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникии он устодонро ба такмили ихтисос сафарбар намуда, устодон зина ба зина аз курси такмили ихтисос гузашта истодаанд.



