Зувайдуллозода Ганҷина омӯзгори факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав
Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, ки дар ин сафари ҳайати сарони давлатҳо барои мардумони ду кишвари дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун санаи тақдирсоз ва фаромӯшнашаванда ба дониста мешавад.
Зеро сафари кории Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он натиҷа расиданд, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон марзҳо кушода шуд ва акнун сокинони ҳарду давлат метавонанд бе мамоният ба кишвари ҳамдигар сафар кунанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯ ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд. Дар ин баробар боз 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки дурнамои минбаъдаи ҳамкориро ба миён меорад.
Натиҷаи ин сафари кор буд, ки рӯзи 14 март аввалин маротиба хатсайри ҳавопайи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизисион парвоз анҷом дода, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фурудгоҳи “Манас”-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон, бо суруд мусиқӣ ва хӯроку шириниҳои миллӣ пешвоз гирифтанд.
Дар таҳким таҳким бахшидани равобит байналмилалӣ, ҳамсоягӣ, сулҳ ва устувор гардидани дӯстӣ миёни ду кишвари бародарро заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас басо мебошад.
Чунин дӯстӣ якдилӣ, ҳамсоягии ду кишвар метавонад робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро дар оянда мустаҳкам намояд.Бори дигар метавон гуфт, ки дӯсти ҳарду миллати тамаддунофар поянда бод.