Дар толори Шурои диссертатсионии донишгоҳ ҳамоиши наврӯзии Иттифоқи касабаи донишгоҳ бо раисони бюрои Иттифоқи касаба, фаъолон ва донишҷӯёни мавриди таваҷҷуҳи хос доир гардид.
Раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ Маҳмадкарим Шарипов нахуст фаъолони Иттифоқи касаба ва донишҷӯёни мариди таваҷҷуҳи хосро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд. Сипас, ишора гардид, ки як хусусияти муҳими Наврӯз ҷанбаи иҷтимоии он, таваҷҷуҳи хос ба гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа мебошад. Ҳамзамон, дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад. Тибқи иттилоъ дар донишгоҳ 19 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудааст. Дар донишгоҳ барои донишҷӯёни мазкур ҳамаи шароитҳои зарурӣ барои таҳсил фароҳам оварда шудааст. Ба муносибати ҷашни Наврӯз ба донишҷӯёни мавриди таваҷҷуҳи хоси донишгоҳ кумакпулии Иттифоқи касабаи донишгоҳ ба таври ғайринақдӣ низ расонида шуд.
Донишҷӯён дар идомаи чорабинӣ ба Пешвои раиятпарвари худ ҷиҳати ғамҳориҳои падаронаашон аз самими қалб изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишгоҳ ба Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият компютери корӣ туҳфа гардида, дигар фаъолони Иттифоқи касаба бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Иттифоқи касаба қадрдонӣ шуданд.



