Имрӯз дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077-и назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи унвонҷӯи кафедраи педагогика Асомиддинзода Ҳусейн Муҳидин дар мавзуи «Рушди фаъолияти маърифатии хонандагони синфҳои болоӣ дар низоми таълими равиявӣ» баргузор гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) пешбинӣ шудааст.
