Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи худро дар муассисаи пешбар – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи «Инкишофи консепсияи воридотивазкунонӣ дар соҳаи бозори маҳсулоти гӯшту шир: назария ва амалия» зери мушовири илмӣ Пиризода Ҷалил Сафар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АИКТ, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир намуд.
Зимни муаррифии диссертатсия Ҳамдамзода Хурсанд Акбар қайд намуд, ки яке аз омилҳои муҳимми рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ таъмини тавозуни мутаносиби воридот ва содироти молу маҳсулоти таъиноташон мухталиф ба ҳисоб меравад. Кишварҳои рушдёфта кӯшиш мекунанд, ки мавқеи рақобатпазирии худро нигоҳ дошта, тавозуни воридот ва содироти молу маҳсулотро ба нафъи худ нигоҳ доранд, чунки ин омилҳо барои устувории иқтисодӣ, ҳифзи қурби асъори миллӣ ва таъмини такрористеҳсоли босуръат аҳамияти муҳим доранд. Сиёсати калони иқтисодиро, дар як ҷумла, метавон ба инкишофи потенсиали содиротии кишвар ва коҳиши воридот бо таваҷҷуҳ ба худтаъминкунии аҳолии кишвар аз номгӯи молу маҳсулоти мухталиф таъриф намуд. Маҳз ба ҳамин далел стратегияи рушди ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда дар шароити кунунӣ аз зумраи муҳимтарин ва пурбаҳстарин стратегияҳои рушди иқтисодиёти миллӣ шинохта мешавад.
“Яке аз роҳҳои муҳим ва афзалиятноки таъмини бехатарии озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди инноватсионии кишвар татбиқи самараноки консепсияи воридотивазкунӣ ва ба ҳамин васила коҳиш додани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад. Консепсияи воридотивазкунӣ ба унвони стратегияи афзалиятноки мутобиқгардонии бахшҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ба талаботи рӯзафзуни фазои рақобатӣ шинохта шудааст, ки имкон медиҳад, тавонмандии истеҳсолкунандагони ватаниро ботадриҷ таҳким бахшида, сатҳи рақобатпазирии онҳоро боло бардорад. Консепсияи мазкур дар шароити кишварҳое, ки аз нигоҳи рушди инноватсионӣ ба таври назаррас қафо мондаанд ва наметавонанд молу маҳсулоти комилан навро ба унвони афзалияти рақобатии худ ба бозор пешниҳод намоянд, ба сифати механизми адаптатсионӣ дар як марҳаллаи муайяни инкишофи иқтисодӣ тавсия мешавад. Пушида нест, ки ин консепсия барои Тоҷикистон низ дорои аҳамияти стратегӣ буда, татбиқи самаранок ва саривақтии он метавонад ба унвони омили калидӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар, минҷумла, бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, нақши муҳим дошта бошад”, афзуд Ҳамдамзода Хурсанд Акбар.
Аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба диссертстия баҳои баланд дода, барои зинаҳои минбаъда барору комёбӣ орзу намуданд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣпешбинӣ гардидааст.

