Имрӯз 25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба ифтихори 34-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “истиқлоли давлатӣ ва озодии миллии мо муқаддастарин неъмат ва азизтарин сарвати зиндагӣ барои ҳар як фарди ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва расидан ба рӯзи босаодат, яъне ноил шудан ба истиқлолу озодӣ гардиши тақдирсоз дар таърихи миллати мо буд”.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки роҳбарияти давлат ҳар як иқдому ташаббуси созанда ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандонро қадр мекунад ва барои дастоварду хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад.
Баъди суханронии Сарвари давлат маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин радиф Абдулҳай Комилӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид.
