Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” баргузор гардид.
Чорабинии идонаро Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда меҳмононро хушомадед намуд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар суханронии табрикии худ таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.
– Мо ифтихор дорем, ки дар сиву чор соли Истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамон гузошта шуда, барои таҳкими он корҳои бузург ба анҷом расонида шуданд ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем, – афзуд М. Қурбонзода. -Воқеан, истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақою симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо шарофати ин рўйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдориро мустаҳкам намуда, Ватанро аз фаношавӣ наҷот диҳем ва ба ин васила дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ гардонем.
Дар идомаи суханронии иброз намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва соҳиб гаштан ба истиқлоли маънавӣ ва фарҳангӣ масъалаи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ҳамчун яке аз омилҳои таҳкими Истиқлолияти миллӣ имрӯзҳо аҳамияти вижа касб намуда, он дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Сипас, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба як қатор профессорон, устодон ва донишҷӯён бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир, қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони театри мусиқи- мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар шеъру суруд дар васфи Тоҷикистон, Истиқлол ва Ватан пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

