Дарвоқеъ, Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлоли комил гардид. Истиқлоле, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд.
Бо соҳибистиқлол эълон гардидан Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монад. Имрӯз Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ мебошад, танҳо бо шарофати соҳибистиқлолии давлат муяссар гардидааст.
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: “Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯйи Истиқлоли давлатӣ душвору тулонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”.
Дар таҳкими истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело назаррас мебошад.
Нусратулло Азимиён,
мутахасиси шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот
