Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин бузургтарин дастоварди ҳар як давлату миллат ва арзишест, ки наслҳои оянда онро ҳамчун ганҷи бебаҳо ҳифз мекунанд. Барои миллати тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 рӯзе аст, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст. Дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.
Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рамзи озодӣ ва озодандешӣ, балки асоси рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллат мебошад. То замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик садсолаҳо орзу мекарданд, ки чунин як давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи худро дошта бошанд. Дар таърихи пурпечутоби худ тоҷикон ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва бақои давлатдории худ мубориза бурдаанд. Бо ба даст омадани истиқлол, тоҷикон соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсияи худ гардиданд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боифтихор ба ин рамзҳо менигарад ва онҳоро ифодагари ҳувияти миллӣ, мешуморад.
Аз аввалин рӯзҳои ба даст омадани соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик бо санҷишу мушкилоти сахт рӯ ба рӯ шуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба ҳамбастагии миллат таҳдид мекард, имтиҳони бузурге барои давлатдории навбунёд буд. Аммо бо шарофати сиёсати оқилона ва талошҳои Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат барқарор гардид. Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии пойдории Истиқлол мустаҳкам шуд.
Ҳамасола 9-уми сентябр дар саросари мамлакат ин санаи муҳиму таърихӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо ҷашни давлатӣ, балки рӯзи фаромушнашавандаи халқу миллати тоҷик мебошад. Дар баробари тантанаҳои расмӣ, мардум бо дили саршор аз муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси ватандӯстӣ онро таҷлил мекунанд.
Истиқлолият барои миллати тоҷик як дастоварди бузурги таърихӣ мебошад. Он ба мардуми шарафманди халқу миллати тоҷик имкон дод, ки соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатии худро ба даст оранд.
Истиқлол барои эҳёи фарҳанги миллӣ, рушди забони тоҷикӣ ва муайян намудани роҳи ояндаи давлат замина гузошт. Ҳамчунин, истиқлолият Тоҷикистонро ҳамчун як узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
Латофат САЙФИДДИНОВА,
донишҷӯи курси 3-юми факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав
