Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар бо номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Устодон ва ҳамкорони гиромӣ!
Инак, 34 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибиқболи он дар масири пуршарафи истиқлол қадамҳои устувору пурфайз гузошта, ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. 34 сол, аслан дар дарозои таърих лаҳзае беш нест, вале дар тули ин солҳо дар Тоҷикистон навгониҳое ба амал омаданд, ки аз ҷиҳати аҳамият баъзан аз воқеаву саргузашти садсолаҳои халқамон бузургтару пурарзиштар маҳсуб меёбад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”.
Пешвои муаззами миллат дар бораи арзиши ин рӯзи таърихӣ иброз доштанд, ки «9-уми сентябри соли 1991 барои мо на танҳо ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарорсозии адолати таърихӣ азизу арҷманд аст, зеро шояд бори аввал буд, ки ҳаёт ба тоҷикон имконияти нодиру беназирро пешкаш намуд, то давлати ягонаи миллии хешро барпо кунанд».
Воқеан, истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақою симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдориро мустаҳкам намуда, Ватанро аз фаношавӣ наҷот диҳем ва ба ин васила дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ гардонем.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва соҳиб гаштан ба истиқлоли маънавӣ ва фарҳангӣ масъалаи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ҳамчун яке аз омилҳои таҳкими истиқлолияти миллӣ имрӯзҳо аҳамияти вижа касб намуда, он дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин самт мо ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидем, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии мардумамон боло рафт, ки аз омилҳои муҳими истиқлоли воқеӣ мебошад.
Барои дарки моҳияти масъалаҳои мавриди назар мо маорифчиёнро бештар аз дигарон омӯзиши ҳаматарафаи таърихи гузаштаю ҳозираи миллат зарур мебошад, то ҳар яки мо аз таърихи гузаштаи худ хулосаи зарурӣ бароварда, амиқ дарк намоем, ки таъмини пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардумамон танҳо ва танҳо ба воситаи якдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамгироӣ муяссар хоҳад шуд.
Имрӯз, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, мо ҳайати профессорону устодон ва кулли донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз он шукргузорем, ки Ваҳдат истиқлолияти моро ҳифз намуд, шуури миллии моро ташаккул дод, осоишу некӯаҳволиамонро таъмин кард, дар маҷмуъ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.
Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст. Дар робита ба ин, дар суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ моро барои таҳким бахшидани иқтидори илмии донишгоҳ, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассиса, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифадор намуд.
Тавре Роҳбари давлат ба аҳли илму маориф ҳушдор доданд, алҳол ду проблемаи асосии ҳалталаб дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боқӣ мондааст: Якум норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм баланд бардоштани сатҳу сифати таълим.
Бояд дар хотир дошт, ки агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Аз ин рӯ, аҳли кормандони моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардории касбияти омӯзгорӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар машғулиятҳои таълимии донишгоҳамон усулҳои фаъоли таълим васеъ ҷорӣ гардида, омӯзиши технологияи муосир, корҳои эҷодиву техникӣ, фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон тақвият ёбанд ва дар ин раванд устодони донишгоҳ мунтазам аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бармеоянд, дар донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва барои татбиқи онҳо тадбирҳои муҳиму зарурӣ бояд роҳандозӣ карда шаванд. Бо ин мақсад Раёсати илм ва инноватсия вазифадор карда шавад, ки то 10-уми сентябри соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд ва пас аз назорат ва иҷрои он ба Раёсат маълумот ирсол намояд.
Айни замон раванди корҳои ободониву созандагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари кишвар, алалхусус дар донишгоҳи мо бо суръати бесобиқа идома дорад.
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф моро водор месозад, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем. Имрӯз бо дили пур метавон гуфт, ки ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ ва шуъбаҳои он бо компутерҳои ҳозиразамон, таҷҳизоти чопкунии навтарин таъминанд ва дар аксарияти дарсхонаҳо воситаҳои техникии таълим ва тахтаҳои электронӣ насб шуда, барои амалишавии раванди таълим шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо бояд аз нокомиҳои гузашта сабақ гирифта, тамоми илму дониш, ақлу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем, ки Истиқлоли давлатӣ пойдору устувор бошад, зеро Истиқлол номаи тақдири миллат, шарти пешрафти Ватанамон ба сӯйи ояндаи орому осуда, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи мо мебошад.
Умедворем, ки Шумо – муҳтарам ҳайати профессорон, омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва ҳозирини гиромӣ чун як фидокори роҳи Истиқлол дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат, пешрафту шукуфоии донишгоҳи азизамон саҳми арзанда мегузоред. Таманнои онро дорем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи Истиқлоли давлатии мост, ҳамеша партавафшон бошад ва ба шарофати он обрӯву эътибор ва нуфузи кишварамон, алалхусус дар миёни ҷомеа боз ҳам афзояд.
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
