Созмони GALLUP дар гузориши «Global Safety report» радабандии кишварҳои амнтарини оламро дар соли 2025 тартиб додааст, ки дар ин ҷадвал Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор гирифтааст.
Бори чандум дар солҳои охир аст, ки дар ин радабандӣ Тоҷикистони мо ба қатори кишварҳои амнтарин, махсусан аз лиҳози сайругашти шабонаи шаҳрвандон ва сайёҳон, шомил мешавад. Яъне, шаҳрвандон худро дар кӯчаву хиёбонҳо комилан дар амну осоиш ва зери ҳимояи давлат эҳсос мекунанд, ҳатто зимни гаштугузорҳои шабона.
Ин натиҷа гувоҳи он аст, ки кишвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як мамлакати воқеан амн ва орому осуда табдил ёфтааст.
Вақте ки Тоҷикистон дар сафи 10 кишвари амнтарини дунё қарор мегирад, ин дастоварди давлат ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд аст.
Амнияту суботи ҷомеа, муҳити орому осуда ва меҳмоннавозии тоҷикии мо имрӯз ҳамчун арзишҳои воло дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд. Ҷой гирифтани Тоҷикистон дар чунин радабандии баланд сатҳи боварии мардум ва эътимоди ҷаҳониёнро ба кишвари мо боз ҳам қавитар месозад.
Муборакамон бод!
Носирҷон Маъмурзода, дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
