Имрӯз, 20-уми сентябри соли 2025 рӯзи мавлуди инсони донишманду фозил Хатлонзамин шодравон Ҳасани Муродиён мебошад.
Ёдорам дорам вақте, ки устоди зиндаёд Ҳасани Муродиён, дар вазифаи ноиби ректор оид ба илмӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият менамуданд барои таҳияи суҳбатҳои радиои назди устод зиёд мерафтем.
Ҳаргиз он чеҳраи хандони устод, шӯхиҳои бо хандашон, маслиҳату роҳнамоҳои устод, дар роҳи пешрафти кори рӯзноманигори аз хотираҳо нахоҳад рафт. Ҳарборе ба утоқи кориашон ворид мешудам одамони зиёдеро медидам, ки назди устод барои тавсияву маслиҳат ва пешрафти илм ва ё кору фаъолияташон беҳтар гаштан меомаданд.
Рисолаташон ҳамеша ба ҳамагон неки кардан, роҳ нишондодан буд.
Дар мавриди устоди зиндаёд, донишманди Хатлонзамин Ҳасани Муродиён суханҳои зиёд аст.
Устод аз худ номи нек, фарзандҳои донишманд ва метавон садҳои корҳои шоиставу арзандаро ном гирифт ба ҷамъият гузошт. То ҳанӯз дар дилу дидаҳост устоди зиндаёд, Ҳасани Муродиён.
Биҳишти ҷовидон ҷояшон бошад!
Бознашр аз саҳифаи Далер Шарипов
