Имрӯз 20-уми сентябри соли 2025 дар Китобхона донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи тарбия маҷлиси падару модарони донишҷӯёни факултети физика, менеҷмент ва идораи сайёҳӣ баргузор шуд.
Дар маҷлис Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, ҷонишинони декан оид ба таълим, раиси Иттифоқи касабаи факултет ва кураторони гурӯҳҳо ширкат доштанд.
Маҷлисро Наргис Нурализода оғоз намуда, баргузории ин гуна чорабиниро барои таҳкими робитаи оила бо муассисаи таълимӣ муҳим ҳисобид. Гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро муваззаф месозад, ки бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандашон дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ҳамеша дар иртибот бошанд, чунки таълиму тарбия яке аз масъалаҳои муҳимми имрӯзаи ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар идомаи суханронӣ волидайнро бо самтҳои фаъолияти факултет, ихтисоси интихобнамудаи фарзандонашон, шароити таҳсил ва зисти онҳо шинос намуда, дар бораи ҳар як донишҷӯ ба волидайнашон маълумот дод.
Ӯ афзуд, ки барои донишҷӯён тамоми шароитҳо барои таҳсил муҳайёст, танҳо ӯро мебояд, ки дар машғулиятҳо пурра иштирок намуда, аз болои худ кор барад. Вале мутаасифона бархе аз донишҷӯён фориғболӣ карда, ба дарсҳо дер ва бе тайёрӣ меоянд.
Аз волидайн даъват ба амал овард, ки аз болои фарзандон кор баранд, онҳоро беназорат нагузошта, пайваста бо кураторони гурӯҳҳо дар робита бошанд ва онҳоро ба хондану илм омӯхтан водор намоянд, то дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи худ шаванд.
Инчунин, аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ ва риояи пӯшидани либоси тавсиявии фарзандонашон ҳамеша зери назорат гиранд.
Дар охир, падару модарони донишҷӯён аз синфхонаҳои таълимии факултетҳо дидан карда, ба роҳбарияти факултет бобати муҳайё кардани шароити мусоид барои донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуданд.

