Имрӯз 22-уми сентябр дар ҷаласаи навбатии назди ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат масъалаҳои таълиму тарбияро дар донишгоҳ баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовинони ректор оид ба таълим, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Бобоҷон Кибориён, муовини ректор оид ба иқтисод, Тоҷиддин Исозода, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус аз раванди корҳо дар давоми ҳафта маълумот доданд.
Дар идомаи ҷаласа масалаҳои омаду рафти донишҷӯён ба дарс, гирифтани идрорпулиҳо, интихоб ва роҳнамоиҳои донишҷӯёни болаёқат ба озмунҳо низ баррасӣ шуданд.

