




Вохӯрии охири Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд на танҳо як рӯйдоди сиёсии муҳим, балки заминаи рушди робитаҳои таърихию фарҳангии байни се давлат мебошад. Ин мулоқот дар яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ- шаҳри Хуҷанд, ки солҳои зиёд шоҳиди ҳамзистиву ҳамкории мардумони минтақа будааст, баргузор гардида, бори дигар аҳамияти ҳамсоядории нек ва…
Муфассал “ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД РАМЗИ ВАҲДАТУ СОЗИШИ СЕ ҲАМСОЯКИШВАР” »
Имрӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи садорати факултети таърих ва ҳуқуқ муҳокимаи пешакии рисолаҳои хатми бакалаврии донишҷӯёни хатмкунанда баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории пешдифоъ ин омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ба имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Рӯзи дарҳои кушод доир мегардид. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин рӯз метавонанд, аз 14 факултети донишгоҳ дидан намоянд.
Имрӯз, 12-уми апрели соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуда истодаанд. Гурӯҳи хонандагонро Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия роҳнамоӣ намуда, аз синфхонаҳои лексионӣ, лингафонӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳ, толорҳои фарҳангӣ…
