ЭЪЛОН!
Ба диққати донишҷӯёни хатмкунандагони Маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расонида мешавад, ки дарсҳо аз имрӯз 4 майи соли 2026, соати 8:00 оғоз мешавад.
Ба диққати донишҷӯёни хатмкунандагони Маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расонида мешавад, ки дарсҳо аз имрӯз 4 майи соли 2026, соати 8:00 оғоз мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд. Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда, давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» 2026 навишта шудааст. Дар ин рамз офтоб,…
Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъолу болаёқат баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси низомномаи озмун ва тибқи ҷадвали баргузории озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ барои соли 2026…
Муфассал “ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ” »
4 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният, Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, масоили вобаста ба бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти…
Дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор шуд. Дар он сад нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуданд.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи таълим ва идоракунии раванди таълим баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масъалаи…
Субҳи имрӯз дар бинои асосӣ ва минтақаи Дӯстӣ ҳайати омӯзгорону донишҷӯён Донишгоҳи давлиатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок карданд. Ёдовар мешавем, ки минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад. Он бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст.
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 04.05.2026. басти якум дар факултети педагогика ва варзиш толори №203, соати 10:00 дарси кушоди муовини декан оид ба таълим факултети педагогика ва варзиш Ваҳобов Аббос дар гурӯҳи 208 ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ аз фанни ББМВ (футбол)…
Дар доираи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи андозчиён таҳти унвони «Андоз — омили пойдории давлат ва таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид. Дар оғози мизи мудаввар Фирдавс Нориён, сардори Раёсати илм ва инноватсия сухани ифтитоҳӣ намуда, аҳамияти андозро ҳамчун пояи устувории иқтисоди миллӣ…
Шиносномаи Сафаров Исфандиёр Нуриддинович, сокини деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ пайдо шудааст, нафароне ки мешиносанд метавонад ба мо муроҷиат кунанд.
