ПАЁМИ ИМСОЛА ИЛҲОМБАХШИ ОМЎЗГОРОН

 

       Паёми имрўзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи мо боз як илҳому рўҳи наву тоза бахшид. Ҳар сол баъди Паёмҳои навбатии Президенти мамлакатамон дар ҳаёти халқу кишвар навовариҳо пайдо мешаванд.

      Ин Паём низ барои мо омўзгорон хело хотирмон аст. Чунки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф хоса аст ва мо бори дигар шоҳиди он гардидем. Махсусан мо, омўзгорони  забонҳои русиву англисиро, бори дигар таъкид ба омўзиши ин забонҳо шод гардонид. Инчунин ишора ба хондани китобҳои бадеӣ бисёр ҳам таъби дили мо забоншиносон мебошад. Чунки омўзиши забони дигар бе хондани китоби бадеӣ дар забони асл номумкин аст. Ташкил намудани китобхонаҳо дар маҳалҳои зист низ ба мо хуш омад.

      Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занони мамлакат бисёр ғамхор аст. Мақоми мо занонро тайи чанд сол аст дар ҷомеа баланд бардоштааст. Дар ҳама соҳаҳо занҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор ва фаъолият менамоянд, ки ин боиси ифтихори занон мебошад.

       Аз Паёми имрўзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо илҳоми нав ба нав гирифта, бо қувваи дучанд барои ободонии Ватану миллатамон меҳнат менамоем.

 

 

                                            Абдуллоева С.Ш.,

декани факултети

 забони англисӣ