ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ҲУҶҶАТИ РЎИМИЗИИ МО

 

Тавре ки муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон қайд намуданд: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”. “Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд”. “Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад”. “Солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шавад”. Яъне бо баланд бардоштани маош мо омӯзгорон боз ҳам вазифадор мешавем, ки масъулияти ба худ гирифтаро ба дараҷаи зарурӣ иҷро намоем. Аз ҷумла, мо кормандони соҳаи химия, биология ва география дар масъалаи коркарди маъданҳо ва партовҳои саноатӣ ё ба дараҷаи байналмилалӣ тайёр намудани шогирдон дар соҳаи фанҳои табиатшиносӣ ва ғайра. Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар самти рушди илмҳои рекратсионӣ ва сайёҳӣ корҳои илмӣ-методӣ ва фаҳмондадиҳиҳо зиёдтар карда шаванд.

 

Ашўрзода Н.А.,

декани факултети

 химия ва биология