ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 26.12.2019

 

Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки ҳамаи ҳайати кормандону омӯзгорони Донишгоҳ баҳри гӯш намудани ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада буданд. Ҳамагон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ва бодиққат тамоми масъалаҳои дар Паёми имсола ироагардидаро гӯш карда, барои худ як ҷаҳон таассуроту роҳнамо гирифтанд.

Қайд менамоям, ки Паёми имсола ин давоми мантиқии Паёмҳои солҳои гузашта мебошад, ки он тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро дар бар мегирад ва моро зарур аст, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи асосӣ дар кору фаъолияти худ қабул намуда, ҳамчун раҳнамои зиндагии қарор диҳем.

Баъдан мехоҳам қайд намоям, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал оиди масъалаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сухан ронданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ баробар шуд. Музди миёнаи меҳнат бошад, барои як корманд 2,4 барорбар афзоиш ёфт.

Вобаста ба сатҳи камбизоатӣ қайд гардид, ки тайи ин солҳо 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло бурда шуд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди бахши хусусӣ зикр намуданд, ки саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоизро ташкил медод ва ин нишондиҳандаҳо дар соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд, ки бевосита аз пешрафту инкишофи он дарак медиҳад.

Ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватаниро ба инобат гирифта, то ҳадди имкон барои онҳо шароити созгору мусоид фароҳам оварда шавад. Албатта, ҳангоме, ки аз ҷониби давлат ба соҳибкорон дар сатҳи қонунгузорӣ имтиёзҳо агар пешбинӣ шаванд, ин бешак ба рушди бемайлони соҳаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистони азизамон оварда мерасонад. Инчунин, ҷалби саромоягузорони дохиливу хориҷиро дар соҳаи соҳибкорӣ ин тадбирҳои дар боло гуфташуда зиёд мегардонад ва инкишофи он саҳми назаррас мегузорад.

Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудаанд, ки ин ҳам аз манфиат холӣ набуда, ҳамчун чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои соҳибкорон равона карда шудааст. Боиси қайд аст, ки танҳо солҳои 2016-2018 маблағҳои чун имтиёз пешбинишуда беш аз 15 миллиард сомонӣ буда, саҳми Ҳукумати мамлакатро ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Баъдан сухан атрофи содироти молу маҳсулоти кишвар ба дигар давлатҳо рафт. Дар он қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои асосӣ ва ҳалталаб дар ин самт ин пурра ва ҳаматарафа муаррифӣ нагардидани молу маҳсулоти кишварамон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, яъне барои муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ватаниамон моро зарур аст, ки бештар аз сомонаҳои интернетӣ истифода намоем. Чунки дар ҳақиқат ҳам имрӯзҳо дар замони пешрафти илму техникаи иттилоотӣ тақозои замон ҳамин аст, ки аз сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамгоми хариду фурӯши маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолмешуда ва содироти ба таври васеъ истифода намоем. Вобаста ба ҳалли ин масъала низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки барои дастрасӣ ба маълумот оиди маҳсулоти истиеҳсолшуда портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд.

Оиди соҳаи нақлиёт чунин гуфта шуд, ки 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ин ҳам яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ва амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ мебошад, ки бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Масъалан, танҳо дар худи соли 2020 аллакай ба нақша гирифта шудааст, ки чор лоиҳаҳои бузурги таҷдид ва бунёди роҳҳо бояд оғоз карда шаванд. Ҳоло бошад, таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе-Бохтар, Хуҷанд-Исфара, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, Шкев-Қалъаихумб, Кӯлоб-Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, бояд онҳо то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шаванд.

Вобаста ба нақши соҳибкорон дар ободу зебо гардонидани маҳали зисти худ низ сухан гуфта шуд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд. Ҳамаи ин корҳои аз ҷониби сокинони кишвари маҳбубамон ба анҷом расонидашуда гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ҳамаи аҳолии мамлакат ҷонибдори сиёсати ободкоронаву созандагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамеша баҳри ободу сарсабзу хуррам гардонидани якгӯшагии Тоҷикистони азиз саъю кӯшиш менамоянд.

Вобаста ба истифодаи замин ва сохтани манзилҳои беҳтарину зебо суханҳои беҳтарин аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, аз ҷумла, гуфта шуд, ки бо мақсади ҳалли мушкилии иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шудааст. Хонаву манзилҳои истиқоматӣ бояд бо тарҳу меъмории замонавӣ сохта шаванд, то ин ки ба наслҳои оянда мо мероси бою ғание боқӣ гузорем. Ҷаноби олӣ таъкиб ба мардуми шарифи Тоҷикистон карданд, ки хонаҳои зебою замонавӣ созед, то ин кишвари азизамон аз ин ҳам дида зеботару рангинтар шавад, ки он аз ҷониби тамоми тамоми вакилони мардумӣ бо хушнӯдӣ қабул гардид.

Вобаста ба масъалаҳои соҳаи маориф ва илм қайд гардид, ки дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Ҷаноби олӣ гуфтанд, ки мо бояд баҳри омода намудани мутахассисони беҳтарин барои соҳаҳои гуногуни кишвар заҳмату талошҳои зиёд ба харҷ диҳем, то ки барои обод ва сарсабз намудани кишварамон мусоидат намоянд. Аз ҷумла, афзалият барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи саноат ва иқтисодиёту ихтироъкорӣ дода шуд. Вобаста ба ин пешниҳод карда шуд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад ва ин пешниҳод бо самимияти хоса аз ҷониби намояндагони мардуми Тоҷикистон қабул гардид.

Музди маоши якқатор кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди аз 1-уми сентябри соли 2020 баланд бардоштан карда шуд. Масъалан, маъюбони то 18 сола ва дигар маъюбоне, ки кор намекунанд 50 фоиз,  нафақахӯрон-15 фоиз, мақомоти ҳокимият  ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шуданд

Хулоса Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурмазмуну пурмуҳтаво буд ва тамоми ҷабҳаҳо ва соҳаҳои фаъолияти мамлакатамонро дар мегирад. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷамъбасти фаъолияти яксолаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон ҳисобот доданд. Мо бояд омӯзгорону устодон Паёми имсоларо низ чун паёмҳои соли пешин раҳнамои кори худ қарор дода, баҳри иҷрои ҳар як банду супоришҳои он заҳмату кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем.

Муҳиддинов Азизулло,

омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ